Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Борис Ҷонсон ба ҷои Тереза Мей нахуствазири Бритониё шуд


Борис Ҷонсон, муҳофизакор ва ҷонибдори сарсахти берункашии Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо раҳбари нави Ҳизби муҳофизакор интихоб шуд ва ҳамакнун ҷои Тереза Мейро инчунин дар курсии нахуствазирӣ ҳам ишғол хоҳад кард.

Собиқ вазири хориҷаи 55-сола дар як овоздиҳии рӯзи 23 июл бидуни мушкил рақибаш вазири хориҷаи амалкунанда Ҷеремӣ Ҳантро мағлуб кард. Дар овоздиҳие, ки тавассути телевизион намоиш дода шуд, Ҷонсон беш аз 92 ва Ҳант беш аз 46 овоз ба даст оварданд.

Ҷонсон ҳушдор дод, ки то охири октябри соли ҷорӣ Бритониёро аз ҳайати Иттиҳоди Аврупо бар асоси созиш ваё бидуни созиш берун мекашад.
Ӯро мушкилоти зиёд дар пеш аст, ҳарчанд вакилони парлумони Бритониё гуфтанд, ки дар сурати бидуни Брекзит тарки Иттиҳоди Аврупо кардани Бритониё ҳама гуна ҳукуматро сарнагун хоҳанд кард.

Ҷонсон дар изҳороте, ки баъди эълони натиҷаҳои овоздиҳӣ дод, гуфт, ки тамоми талошро ба харҷ медиҳад, то ки Брекзит то 31 октябр баргузор шавад.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG