Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуқуқшинос Ғулом Бобоев даргузашт


акс аз бойгонӣ
акс аз бойгонӣ

Шоми 22 июл ҳуқуқшиноси маъруф Ғулом Бобоев даргузашт. Бобоев бо парвандаҳои сангини ҷиноӣ, инчунин қазияи ҳабси ҳавонавардони “Ролкан” машғул шудааст. Писари ӯ Сӯҳроб Бобоев ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд сабаби марги падар сактаи дил будааст. Ӯ гуфт, ҳодиса дар утоқи кории - адвокатураи вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар рух дод ва табибон ҳам ба наздаш даъват шуданд, вале ӯ ҷон дод.

Маросими ҷанозаи Ғулом Бобоев фардо, 23 июл дар шаҳри Леваканд (Сарбанди собиқ) дар маҳалли зисти ҳуқуқшиноси маъруф баргузор мешавад.

Солҳои охир Ғулом Бобоев бо парвандаҳои махсусан сангин, аз ҷумла, гумонбарон дар содир кардани ҷиноятҳои мисли ифротгароиву терроризм машғул буд. Соли 2011 исми Ғулом Бобоев бештар ба унвони ҳомии ҳуқуқи халабонҳои ширкати хориҷии «Ролкан» садо додааст. Он замон ҳавопаймои навъи АН-72 , ки аз ҷониби ҳавонавардони Русия ва Эстония - Владимир Садовничий ва Алексей Руденко идора мешуд, дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа нишаст ва ба ҳабс гирифта шуд.

Ғулом Бобоев баъди сабтиноми дубораи ҳуқуқшиносон дар Тоҷикистон, раиси дафтари адвокатураи вилояти Хатлон буд.

XS
SM
MD
LG