Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олӣ: "Баррасии парвандаи 34 маҳбуси зиндони Хуҷанд идома дорад"


Баррасии парвандаи 34 маҳбуси зиндони Хуҷанд дар Додгоҳи олии Тоҷикистон идома дорад. Дар ин ошӯб, ки моҳи ноябри соли гузашта рух дод, ба гуфтаи мақомот бисту се нафар, аз ҷумла 21 маҳбус ва 2 зиндонбон ҷон бохтанд.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 22-юми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, то ҳол раиси ин зиндон ба 4 сол ва се масъули дигари ин муассисаи ислоҳотӣ ба 2,5 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳамчунин хабар дод, ки парвандаи ҷиноятии 28 маҳбуси зиндони шаҳри Ваҳдат, ки дар исёни ахир айбдор дониста мешаванд, дар баррасии Додгоҳи олии Тоҷикистон қарор дорад.

Вай ҳамчунин гуфтаҳои вазири адлияи Тоҷикистон Рустами Шоҳмурод, ки маҳбусони тундрав дар зиндонҳо ислоҳ намешавандро, бепоя донист. "Дар зиндонҳои Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор маҳбусон қарор доранд. Аммо дар ду исёни ахир танҳо беш аз 60 маҳбус даст доштанд. Ба ин далел, наметавон иддао кард, ки ҳамаи маҳбусони тундрав ислоҳнопазиранд", -- гуфт Шермуҳаммади Шоҳиён.

Вазири адлияи Тоҷикистон ҳафтаи гузашта зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки бозтарбияи тундгароён дар зиндонҳо то ҳол натиҷаи дилхоҳ надодааст.

Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон рӯзи 16-уми июл ба хабарнигорон гуфт, то имрӯз барои аз ақидаи ифротиашон гардондани маҳбусон корҳое шудааст, аммо боздеҳи дилхоҳ ба даст наомада, баръакс ифротиён тавонистаанд, фазои маҳбасҳоро ноором кунанд.

Дар нуҳ моҳи охир Тоҷикистон шоҳиди ду ошӯби пурқурбонӣ дар зиндонҳо гашт.

XS
SM
MD
LG