Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади духтари 17-соларо аз оби Душанбе берун оварданд


Наҷотбахшон аз дохили оби Душанбе дар ҳудуди бозори Султони Кабир ҷасади духтари ҷавонеро берун оварданд. Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо тасдиқи ин хабар шоми 16 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади духтарро чанд лаҳза пеш аз об баровардаанд. Ба иттилои манбаъ, ин духтар Ҳадиса Табароваи 17-сола буда, ба бовари мақомот, худкушӣ кардааст. Ба иттилои расмӣ, ӯ худро тахминан соати 18:30 аз пули назди нашриёти "Шарқи Озод" ба об партофта, ҷасади ӯро аз наздкии пули бозори "Султони Кабир" берун овардаанд. Ин духтар сокини ноҳияи Фирдасии шаҳри Душанбе будааст. Манбаъ гуфт, ҳодиса таҳқиқ мешавад.

Ҳодисаҳои худкушии духтарону занон дар Тоҷикистон нав нест ва дар ҳолатҳои зиёд хушунати хонаводагӣ сабаби аслии қасди ҷони худ кардани онҳо мешавад.

Танҳо дар нӯҳ моҳи соли 2018 ба иттилои расмӣ, беш аз 440 нафар дар Тоҷикистон даст ба худкушӣ задаанд, ки беш аз дусад нафари онҳо зан ва 40 нафар духтарони ноболиғ будаанд. Манобеи расмӣ мегӯянд, аксари ин афрод ба сабаби мушкилоти хонаводагӣ, бемории равонӣ ва сахтиҳои зиндагӣ ба зиндагӣ хотима додаанд.

XS
SM
MD
LG