Аскар Мамин, сарвазири Қазоқистон имрӯз, 12-уми июл бо сафари расмӣ ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон омад.
Аз маркази матбуотии ҳукумати Қирғизистон хабар доданд, ки дар рафти мулоқоти сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев бо ҳамтои қазоқаш Аскар Мамин ҳаштумин шӯрои байниҳукуматии Қазоқистону Қирғизистон баргузор мешавад. Ҷонибҳо инчунин масоили дуҷонибаро баррасӣ мекунанд.
Дар рафти мулоқот масоили тиҷориву иқтисодӣ, обиву энержӣ, ҳамкории фарҳангиву гуманитарии байни ду давлат муҳокима мешавад. Дар поёни нишаст қарор аст, чанд ҳуҷҷат имзо шавад.