Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Сино аз "Аҷам-Авиа" 1 млн доллари ширкати эрониро рӯёнд


Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе роҳбари як ширкат дар Тоҷикистонро барои азхуд кардани як миллион доллари ширкати эронӣ зиндонӣ кардааст. Назари масъулини ширкати “Аҷам-Авиа” дар бораи ин ҳодиса феълан маълум нест.

Бино ба иттилои Додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе, ширкати эронии "Тобон Эйрлан" ба ҶДММ "Аҷам-Авиа" дар се маврид беш аз як миллион доллар додааст ва бар ивази ин маблағ бояд коршарики тоҷикаш ба ширкати эронӣ муҳаррики ҳавопаймо пешниҳод мекард.

Вале дар қарори додгоҳ гуфта мешавад, ки Ҳайдаров Р. ҳамчун директори ҶДММ “Аҷам-Авиа” бар ивази маблағ ба ширкати эронии “Тобон Эйрлайн” муҳаррики ҳавопаймои “Боинг”-ро пешниҳод накардааст.

Дар Додгоҳи ноҳияи Сино гуфтанд, Ҳайдаров Р.А барои ин кор ба 13 соли зиндон маҳкум шуда, инчунин беш аз як миллион доллар аз ӯ рӯёнда шудааст.

Феълан назари Ҳайдаров Р. ва вакили дифои ӯ дастрас нест. Маълум нест, ки онҳо дар ин бора чӣ назар доранд.

Ширкатҳои ҳавопаймоии Ҷумҳурии исломии Эрон ба Тоҷикистон ҳафтае як маротиба аз Машҳад ба Душанбе парвоз анҷом медиҳанд.

XS
SM
MD
LG