Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гоҳи дидори Трамп ва сарвазири Покистон Имрон Хон муайян шуд


Президенти ИМ Доналд Трамп нахустин вохӯрии худро бо сарвазири Покистон Имрон Хон моҳи равон баргузор хоҳад кард.

Вашингтон ва Покистон кӯшиш доранд, муносибатҳои сардшудаи худро барқарор кунад. Хон рӯзи 22 июл нахустин бор ба Вашингтон сафар хоҳад кард. Ҳанӯз рушан нест, ки ин сафар чанд рӯз давом хоҳад кард. Кохи Сафед дар изҳороти рӯзи 10 июл эълон кард, ки сафари вай “ба устувории ҳамкориҳо миёни ИМ ва Покистон, барои ба даст овардани сулҳ,оромӣ ва равнақи иқтисодӣ дар минтақае аст, ки шоҳиди муноқишаҳои бисёре будаааст.

Дар ин изҳорот гуфта шудааст, ду роҳбар ба як қатор масъалаҳо, аз ҷумла мубориза ба зидди терроризм, мудофиа, энергетика ва тиҷорат, бо мақсади фароҳам овардани шароит барои сулҳ дар Осиёи Ҷанубӣ ва як ҳамкории пойдор миёни ду кишвари мо сӯҳбат хоҳанд кард. Ин нишаст вақте баргузор мешавад, ки давлати Tрамп кӯшиш мекунад ба созишномаи сулҳ бо Толибон даст ёбад, то ҷанги 18-сола дар Афғонистони поён ёбад.

Гузоришҳои видеоӣ

Дар шаш моҳ 10 ҳазор тоҷик шаҳрванди Русия шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00
XS
SM
MD
LG