Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сипоси Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҳамдардии мардум


Раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 10 июл ба воситаи шабакаи Фейсбук аз ҳамаи онҳое сипосгузорӣ кард, ки дар робита бо даргузашти ҳамсараш ба ӯ изҳори ҳамдардӣ намудаанд.

Паёми кутоҳи ӯ дар камтар аз 20 соат аз тарафи 1,5 ҳазор корбари шабака писандида шуда, зиёда аз 600 шарҳ овард ва беш аз 130 бор паҳн карда шуд. Дар ин паём раҳбари порлумони Тоҷикистон бо суханони пурмеҳр аз ҳамсараш ёд карда, ӯро намунаи меҳрубонӣ, сабру таҳаммул ва покию накӯкорӣ номидааст.

Рӯзигул Каримова, ҳамсари Маҳмадсаид Убайдуллоев субҳи 2-юми июл дар сини 67-солагӣ дар Душанбе ба таври ногаҳонӣ даргузашт. Наздикониин хонадон он рӯз ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки хонум Каримова ҳаргиз аз бемории ҷиддие ранҷ намекашид ва субҳ ногаҳонӣ фишори хунаш баланд мешаваду ин дунёро тарк мекунад. Маҳмадсаид Убайдуллоев ин хабарро дар ҳоле шунид, ки дар сафари хидматӣ дар Русия қарор дошт. Вай ин сафарро, ки мебоист то 5 июл идома мекард, қатъ намуд ва ба таври таъҷилӣ ба Тоҷикистон баргашт.

Маросими дафни ҳамсари раҳбари порлумони Тоҷикистон бе бозтоби расонаҳои ахбори ом дар фазои маҳдуди хонаводагӣ ҷараён гирифт. Ин холигоҳи хабариро паёми сипосгузории ӯ, ки аз чеҳраҳои ангуштшумори сиёсати кишвар аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳузур дорад ва фаъол аст, то андозае пур намуд. Вай навишт, «аз ғамшарикӣ ва изҳори тасаллияти самимимонаатон нисбати мусибати оилавиям аз самими қалб сипосгузорам ва оид ба эҳтироми бевоситаю ирсолнамудаатон назди ҳар яки Шумо сари таъзим фуруд меорам.»

Маҳмадсаид Убайдуллоев яке аз чеҳраҳои шинохта дар саҳнаи сиёсии даврони истиқлоли Тоҷикистон мебошад ва наздики 20 сол дар мақоми раиси шаҳри Душанбе кор кард ва дар моҳи январи соли 2017 аз ин симат барканор шуд. Ҳамзамон бо иҷрои вазифаи шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон кор кард ва то ҳол нафари дувуми калидӣ дар кишвар дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG