Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз шурӯи эътирозҳо дар Гурҷистон ду ҳафта гузашт


Саҳнае аз эътироз. 3 июл, майдони назди парлумон

Дар раҳпаймоии шаби 14-уми худ эътирозгарон талаби аз мақом барканор шудани вазири умури дохилиро такрор карданд. Эътирозгарон шаби 3 июл бори дигар дар беруни сохтмони парлумон дар Тифлис ҷамъ омада ба истеъфои Гиоргӣ Гахариа даъват карданд. Вазири дохиларо эътирозгарон барои хушунати полис дар муқобили эътирозгарони зидди Русия айбдор мекунанд. Дар ҳодисаҳои 20 июн полис ба сӯи издиҳоми мардуме, ки мехост вориди сохтмони парлумон шавад, бо тири резинӣ ва об посух дод. Мухолифон Гахарияро барои истифодаи аз ҳад беши нирӯ ба хотири пароканда кардани эътирозгарон маҳкум карданд.


Гузоришҳои видеоӣ

Бахтиёр Иброҳимов аз таронаҳои арзон то ба шӯҳрати "Гулшан"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:26 0:00
XS
SM
MD
LG