Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маоши бонкдорҳои узбекро барои консерти барпонашуда буриданд


Аз маоши кормандони бонкҳои шаҳри Қӯқанди Узбекистон барои консерти хайриявии барпонашуда буриданд.

Дар варзишгоҳи марказии Қӯқанд рӯзи 28 май консерти хайриявие бо иштироки ситораҳо дар назар буд. Маблағи аз ҳисоби фурӯши чиптаҳо бадастомада бояд ба кумаки хонаводаҳои камбизоат равона мешуд. Аммо консерт ба далелҳои мухталиф барпо нашуд.

Мақомот ба кормандони бахши бонкӣ иҷборан 60 чипта, ба кормандони бозорҳо ва марказҳои тиҷоратӣ 852 чипта, ба нозирони андоз 1020 чипта тақсим карданд. Арзиши як чипта 2652 сӯм (наздики 3 сомонӣ)-ро ташкил медод.

Як корманди "Микрокредитбонк"-и шаҳри Қӯқанд гуфт, аз онҳо пули чиптаро гирифтанд, вале на консерт барпо шуду на маблағро баргардониданд.

XS
SM
MD
LG