Доналд Трамп, президенти ИМА таҳдид кард, миллионҳо одамеро аз кишвараш ихроҷ мекунад, ки ба гуфтааш, ғайриқонунӣ ҳузур доранд.
Вай гуфт, ихроҷ ҳафтаи оянда шуруъ ва фаврӣ сурат мегирад. "Мо онҳоро ба ҳамон суръати ихроҷ мекунем, ки онҳо вориди Амрико шуда буданд", - навишт Трамп дар "Твиттер". На танҳо афроди алоҳида, балки тамоми узви хонавода, аз ҷумла кӯдакон низ ихроҷ хоҳанд шуд.
Ҳукумати Амрико дар навбати аввал мехоҳад, касонеро ихроҷ кунад, ки барои будубош аз сӯи додгоҳ ҷавоби рад гирифта, вале сарфи назар аз он дар ИМА боқӣ мондаанд. Нашрияи The Washington Post менависад, омодагиҳо ба ихроҷи чунин муҳоҷирон аз моҳҳо қабл шуруъ шудааст.
Интизор меравад, имрӯз дар аёлати Флорида Доналд Трамп расман маъракаи интихоботиашро ба даври дувуми президентӣ эълом кунад. Яке аз мавзуҳои асосии суханронии Трамп дар Флорида муҳоҷират хоҳад буд.
Ҳолатҳои убури ғайриқонунии марз замони роҳбарии Трамп якбора афзуд. Демократҳо аз сармоягузории девори марз худдорӣ карданд. Онҳо талаб доранд, ки ислоҳоти комили муҳоҷиратӣ роҳандозӣ ва ба ин тартиб, ба бархе аз муҳоҷирон шаҳрвандии ИМА дода шавад.