Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се фурудгоҳро бе музояда ба ширкати оффшор доданианд


Интизор меравад, ширкати "Новапорт", ки қароргоҳаш дар шаҳри Маскав аст, идораи фурудгоҳҳои Самарқанд, Урганҷ ва Намангони Узбекистонро ба даст бигирад.

Созиши пешакӣ дар ин бора ҳангоми сафари ахири сарвазири Русия Дмитрий Медмедев ба шаҳри Тошканд ҳосил шудааст.

"Созишномаро 30-юми май мудири ширкат Роман Тротсенко ва муовини аввали вазири нақлиёти Узбекистон дар ҳузури сарвазирони ду кишвар имзо карданд. Албатта, ин ҳоло дар шакли ёддошт аст. Ширкатҳо паҳлӯҳои иқтисодии тарҳро меомӯзанд ва танҳо пас аз нашри хулосаи онҳо санади ниҳоиро имзо мекунанд", - гуфт намояндаи ширкати "Новапорт".

Ба қавли ӯ, пас аз имзои санади мазкур ширкати русӣ барои муддати тӯлонӣ идораи фурудгоҳҳоро ба даст мегирад.

Дар Узбекистон ҳамаи фурудгоҳҳо дар ихтиёри давлат буда, онҳоро ширкати давлатии ҳавопаймоии "Узбекистон ҳаво йӯлларӣ" идора мекунад. Бино ба хабарҳо, ҳоло ин ширкат зери қарз мондааст. Ҳукумати Узбекистон нақшаи худро барои додани фурудгоҳҳо ба ширкати хориҷӣ ифшо намекунад ва барои идораи онҳо низ музояда эълон нашудааст.

XS
SM
MD
LG