Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пул ва муҳаббат. Фарзанди муҳоҷирон чӣ мехоҳанд? ВИДЕО


Бо он ки қисме аз муҳоҷирони тоҷик солҳои охир оилаҳояшонро бо худ ба Русия мебаранд, "формула"-и зиндагии аксари онҳо якранг аст: баҳору тобистон ва тирамоҳ дар муҳоҷират ва танҳо зимистон дар хона.

Аз ин рӯ, як насли кӯдакон дар Тоҷикистон бе ҳузури падарон ва дар баъзе маврид дар ғайби падару модар ва дар тарбияи бобову бибӣ ба воя мерасанд. Маблағе, ки муҳоҷирон ба ватан мефиристанд, вазъи моддии кӯдаконро беҳбуд мебахшад, вале атфол ҳамоно аз оғӯши падарӣ маҳруманд.

Марями 5-сола аз деҳаи Алмосии ноҳияи Ҳисор наздик ба як сол аст, ки падарашро надидааст. Даъвати ӯ ин аст, ки падараш ҳарчи зуд ба ватан баргардад.

Падари ӯ мисли ҳазорон марди тоҷик бинобар камбуди кор дар ватан ба Русия рафтааст. Марям ин мушкилро дарк мекунад: "Падарам аз Русия пул фиристад ва модарам ҳар чиз харад."

Аксар мардони деҳаи Алмосии ноҳияи Ҳисор, ба мисли сокинони деҳоти дигари Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ҳастанд. Ҳамкорони мо ба ин деҳа рафта, бо баъзе аз фарзандони муҳоҷирон сӯҳбат карданд. Орзуи аксари кӯдакон ин будааст, ки падаронашон ба дар ватан ва дар паҳлӯи онҳо бимонанд.

Аъзами 9-сола мегӯяд, "падарам дар ҳамин ҷо бошад, хубтар аст. Агар дар инҷо мебуд, хонаро дуруст мекард. Ин беҳтар буд."

Видеоро дар инҷо тамошо кунед:

Кӯдакони муҳоҷирон чӣ орзу доранд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:29 0:00

Як пажӯҳиши вижа бо сарпарастии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон собит кардааст, ки зеҳни аксар фарзандони муҳоҷирон бинобар дурии волидон осеб мебинад.

Натиҷаҳои ин таҳқиқот нишон додааст, ки "яке аз таъсири муҳоҷират ба зеҳни кӯдакон ин дархудмондагӣ, зиққӣ ва афсурдагии кӯдакони муҳоҷирон аст". Пажӯҳишгарон муайян кардаанд, ки раванди зиққиву афсурдагӣ бештар дар духтарон нисбат ба писарон дар оилаҳои муҳоҷирон зоҳир мешавад.

Як таҳқиқоти созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия - “Мемориал" ҳам соли 2017 муайян кард, ки муҳоҷирати корӣ беш аз ҳар каси дигар ба вазъи кӯдакон дар Тоҷикистон таъсир гузоштааст. Масъулони ин созмон гуфтанд, ба далели муҳоҷирати волидон, кӯдакон "аз таҳсил дур мешаванд", "хушунат мебинанд" ва гоҳо аз тангдастии аъзои дигари хонавода ба хона-интернат меафтанд.

Мақомоти Русия мегӯянд, беш аз 1 миллион ва ба иттилои мақомоти Тоҷикистон ҳудуди ним миллион аҳолии кишвар барои кору иқомат ба Русия рафтаанд. Онҳо соли гузашта ба Тоҷикистон беш аз 1 миллиарду 900 миллион доллар фиристоданд. Даромади ҳар чорумин хонавода дар Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷират гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG