Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ишғолгарон"-и зебо Душанбеву атрофи онро тарк карданд. ВИДЕО


Шоҳпаракҳои мушхор
Шоҳпаракҳои мушхор

Ба бовари донишмандони тоҷик, омадани шоҳпаракҳо ба пойтахти Тоҷикистон, муҳоҷирати табии шоҳпаракҳо буд, ки маъмулан бар асари рутубати зиёд ва якбора баланд шудани ҳарорати ҳаво сурат мегирад.

Фақат имсол ба фарқ аз солҳои қаблӣ шоҳпаракҳо бо селаи азим ва ба гуфтаи муттахассисон аз шимол вориди Душанбе ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон шуданд ва ин вазъ теъдоде аз сокинонро сахт нигарон кард.

Таваққуфи муваққатии селаи азими шоҳпаракҳо, ба гуфтаи табиатшиносон, вобаста ба вазъи ҳаво аз 5 то 10 рӯз идома мекунад. Файзалӣ Ҳакимов, раҳбари Пажуҳишгоҳи зоология ва паразиталогияи Академияи илмҳо рӯзи 22 - юми май ба Радиои Озодӣ гуфт:

“Инҳо ҳашаротҳои кӯчӣ ҳастанд. Самти ҳаракати онҳо ба Душанбе рост омад, ва барои онҳо як таваққуфгоҳи муваққатӣ шуд. Зеро онҳо ҳангоми парвоз то 500 километр масофаро тай мекунанд.”

Шоҳпаракҳо аз Тоҷикистон убур карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00

Селаи бузурги шоҳпаракҳо ба Душанбе ва атрофи он аз рӯзи якшанбе ворид шуданд. Бо дастури мудири Академияи илмҳо, муҳаққиқони пажӯҳишгоҳи зоология ва паразиталогия бо таҳқиқ шоҳпаракҳо собит карданд, ки ин навъи парвона ба сиҳатии сокинон ва зироату замини онҳо осеб зарар намерасонад.

"Шоҳпаракҳо зиён надоранд"

Файзалӣ Ҳакимов, раҳбари пажуҳишгоҳ афзуд: “Мо шоҳпаракҳо гирифтем ва оварда озмоиш кардем. Ба дастонамон гирифтем. Ягон зиён ва ҷойи нигаронӣ надоранд. Сару садоҳое, ки гӯё шоҳпараки мушхор барангезандаи баъзе аз бемориҳои вирусӣ ҳастанд, ғалат аст.”

Донишмандон онҳоро шоҳпараки мушхор ном мебаранд ва мегӯянд, номи онро аз рустании мушхор гирифтаанд, чун тамоми давраи инкишоф ва тухмгузории шоҳпарак дар дохили ин растанӣ мегузарад.

Сабаби афзоиши ин навъи шоҳпаракро донишмандони тоҷик ба омилҳои экологӣ аз ҷумла рутубати зиёд, ба якборагӣ баланд шудани ҳарорати ҳаво ва ҳамчунин афзоиши мушхору газна медонанд.

Бо вуҷуди таъкиди донишмандон, барои безарар будани шоҳпаракҳои мушхор ба сиҳатии инсон ва зироатҳои кишоварзӣ, сокинону кишоварзон аз зарари он мегуфтанду изҳорӣ ташвиш мекарданд.

Кишоварзон дар рӯзҳои авҷи ҳаракати шоҳпаракҳои мушхор барои ҳифзи киштзорҳо аз тадобире кор гирифтаанд. Тоирхон Турдибеков, сокини ноҳияи Рудакӣ, ки дар замини худ караму картошка ва сабзӣ кишт кардааст, мегӯяд, дар рӯзҳои ҳуҷуми шоҳпаракҳо ба ноҳия ӯ ҳам сертавшиш буд.

"Деҳқонон нигаронанд"

Ба бовари ин деҳқон, селаи шоҳпаракҳо мисли дигар ҳашарот дар сурати тухмгузорӣ метавонанд, ба зироатҳои онҳо зиёни ҷиддӣ расонанд.

Тоирхон Турдибеков гуфт: “Бубинед ҳанӯз ҳам дар миёни замини сабзавоти мо як-як гашта истодаанд. Онҳо дар замини сабзавот тухм мемонанд ва тухмшон бисёр мешавад, ҳозир ҳар ду руз пас доруҳои зидди шоҳпарак ва кирмро зада истодаем. Ана ҳамин сабзиро дина доруи Тайфун ва доруи БИ-58 задем. Картошкаро ҳам дору кардем. Онҳо ба картошка ҳам бисёр часпиданд. “

Муҳақиқони тоҷик мегӯянд, вуруди шоҳпаракҳо дар кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Афғонистону Узбакистон ҳам мушоҳида шудааст. Алихон Латифӣ, табиатшиноси тоҷик мегӯяд, ин навъи шоҳпаракҳо рушди васеъ доранд ва дар кишварҳои Аврупо ҳам ҳастанд. Онҳо дар фасли баҳор мисли парандаҳо кӯч баста, тухмгузорӣ мекунанд ва ҳамагӣ як сол умр мебинанд.

Кӯчиши шоҳпаракҳо ба Душанбе ва манотиқи дигари Тоҷикистон дар як ҳафтаи ахир ҳам дар ҳолест, ки шаш соли қабл селаи шоҳпаракҳои навъи дигаре бо номи зарриндунболак ба пойтахт ва атрофи он ворид шуда буданд. Зарриндунболак ба таъкиди онҳо ба фарқ аз шоҳпараки Мушхор ба одамон зиёни аллергия ё ҳассосият дошт.

XS
SM
MD
LG