Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтарони "ҷасур" ба кӯҳистонҳои Тоҷикистон сафарбар мешаванд


Дар қуллаи уқобнишин.
Дар қуллаи уқобнишин.

Беш аз 20 духтар аз чаҳор ноҳияи кӯҳистонӣ дар Тоҷикистон ба омӯзиши ҷангалбонӣ, роҳбаладӣ ва назорату муҳофизати ҳайвоноти нодир ҷалб шудаанд.

Созмонҳои ҷамъиятии ҳифзи муҳити зист ва ширкатҳои хурди оилавӣ дар ноҳияи Мурғоб, Рӯшон, Дарвоз ва Шамсиддини Шоҳин ба ин духтарон раҳбаладии сайёҳон ва ҳифзи дурусти муҳити зистро омӯзиш медиҳанд. Шаш духтар аз миёни онҳо ба кор ҷалб шудаанд.

Анҷумани муҳофизони табиати Тоҷикистон (H&CAT) дар давраҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат, давра ба давра ба ин духтаронро шеваи ҳаракат дар минтақаҳои душворгузари кӯҳӣ, назорати бузу палангҳои нодир, кӯмаки аввалияи тиббӣ ва муносибат бо шикорчиёни хориҷиродарс медиҳад.

Латифа, духтари шикорчӣ ва муҳофизи ҷонварон

Яке аз ин духтарон Латифа Ғуломмамадоваи 21-сола аз деҳаи Равмеди ноҳияи Рӯшон аст, ки дар созмони ғайриҳукуматии “Парчам” ба кор мекунад. Созмони онҳо 45 ҳазор гектар заминеро дар ихтиёр дорад, ки дар он ҷо бабри барфӣ ва бузи нодири кӯҳӣ сукунат доранд. Падараш аз шикорчиёни собиқадор ва узви созмон аст ва аз соли 2008 ба посбонии ҷангалзору ҷалби шикорчиёни хориҷӣ машғул аст.

Ҳаракат дар ин минтақаҳоро на ҳама балад аст.
Ҳаракат дар ин минтақаҳоро на ҳама балад аст.

Латифа Ғуломмамадова рӯзи 19-уми сентябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳар пайроҳаи деҳаи Равмеди ҷамоати Бартанг барояш шинос аст. Ҳамроҳи падараш дар миёни кӯҳу шахҳои мушкилгузар зиёд гашта ва ҳайвоноти нодирро наззора кардааст.

“Факултаи забонҳои хориҷиро хатм кардаам. Вақте пешниҳоди омӯзишу кор дар кӯҳу ҷангал шуд, зуд қабул кардам. Бисёре аз шикорчиён бо ҳамсаронашон меоянд. Онҳоро бояд ҳамроҳӣ кунам. Падарам ҳам синнаш қариб ба 60 мерасад ва бояд ҷойи ӯро дар ин кор иваз кунам” - гуфт, Латифа.

Латифаву ҳамроҳонаш пас аз давраҳои омӯзишӣ кореро бояд анҷом диҳанд, ки то ҳол дар Тоҷикистон мардон анҷом медоданд. Масъулони “Анҷумани муҳофизони табиати Тоҷикистон”, ки духтаронро омода мекунад, мегӯяд, ширкатҳои ҷалби сайёҳон ба шикор то кунун корманди зан надоштанд.

Кори мардона, ки занҳо ҷалб мешаванд

Маъмулан, дар Тоҷикистон занҳо ба шикор намераванд ва ҷангалбониву ҳифзи муҳити зист, кори мардона дониста мешавад. Тасаввуре, ки ҳоло созмонҳои ҳифзи муҳити зист ва шикорчӣ мехоҳанд, онро шикананд.

Гулбек Хоҷаназаров, раҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Парчам” дар ноҳияи Рӯшон, ки Латифа бо падараш он ҷо кор мекунад, рӯзи 19-уми сентябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо афзоиши шикорчиёни хориҷӣ ба Тоҷикистон ба кормандони зан ниёз пайдо карданд. Ҳоло, ба ҷуз Латифа ду духтари дигар низ барои кор ба созмон ҷалб шудаанд.

Як лаҳза фориғ аз дарс.
Як лаҳза фориғ аз дарс.

“Мо дарк кардем, ки барои занони сайёҳ бояд раҳбалад бигирем. Чун мушкили занро дар кӯҳистон зан дарк мекунад. Аз тарафи дигар, занҳо дар қиёс ба мардҳо бисёр раҳмдил ҳастанд. Дилашон ба ҷонварон бештар месӯзад. Умедворам, ки сафи чунин духтарон бештар мешавад. Мо онҳоро маош медиҳем ва аз раҳбаладиашон низ пул мегиранд” - гуфт Гулбек Хоҷаназаров.

Шикор дар Тоҷикистон ба як бахши муҳими сайёҳӣ табдил ёфтааст ва солона даҳҳо хориҷӣ барои саёҳату шикор меоянд. Дар қаламрави чаҳор ноҳияе, ки духтарон ба кору омӯзиш ҷалб шудаанд, морхур, оҳуи сибирӣ ва гусфанди нодири Марко Поло сукунат доранд ва ҳар сол барои шикори онҷо муҷаввиз фурӯхта мешавад. Айни замон барномаҳои ҳифзи ин ҷонварон аз шикори ғайриқонунӣ ва ҳифзи муҳити зисти онҳо барномаҳоеро амалӣ мекунанд.

Чаро коргари зан надоред? Суоли сайёҳон

Ниёзмоҳи Ҳакимҷон, сокини 18-солаи деҳаи Саримарғзори ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, аз ҷавонтарин узви гурӯҳи ҷангалбонҳо аст. Ниёзмоҳ падар надорад ва ҳоло мехоҳад, бо кор дар ҷамъияти шикорчиён ва ҷамъияти хурди оилавии “Сайди Тагноб” даромаде ба даст орад.

Ин созмон солона барои шикори морхурро се муҷаввиз мегирад, ки як сари он наздики ним миллион сомонӣ арзиш дорад. Ба ҷуз ин “Сайди Тагноб” ба хориҷиён дар шикори хукҳои ёбоӣ кӯмак мекунад. Ниёзмоҳ мегӯяд, вақте эълони кор дар ин ҷамъиятро шунид, бо машварат ба модар барои кор рафт.

Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҳамроҳ бо Ниёзмоҳ чаҳор духтари дигар ба ин ҷамъият ҷалб шудаанд. Кори духтарон дар ноҳия аз он иборат аст, ки ҳафтае як бор ҳамроҳ бо бузургсолон заминҳои таҳти назораташонро аз назар гузаронанд ва ба шикори ғайриоқнунӣ роҳ надиҳанд.

“Ҳоло моро бо мардони ботаҷриба мефиристанд. Сайёҳони зан, ки омаданд, мо худамон онҳоро ба шикор мебарем. Дар шароити кӯҳистон барояшон хурок мепазем”- гуфт ӯ.

Ҳаким Абдулҳаев, раҳбари созмони “Сайди тагноб” мегӯяд, то кунун 20 коргари мард дошт ва ҳоло аз миёни духтарон панҷ нафарро ба кор гирифт, ки ба қавли ӯ “ҷасуртарин” духтарони деҳа ҳастанд.

Лаҳзае аз дарс
Лаҳзае аз дарс

“Ҳар кас ҷуръати кор дар ин шароитро надорад. Инҳо розӣ шуданд, мо хеле хушҳол шудем. Кӯмакашон мекунем, то корро ёд гиранд. Чанд бор сайёҳони зан эрод ҳам гирифтанд, ки чаро коргарони духтар надоред”- гуфт ӯ.

Дар чаҳор ноҳияе, ки духтаронро ба кор ҷалб кардаанд, даҳ созмоне кор мекунад. ки ба ҳифзи муҳити зист ва ҷалби шикорчиёни хориҷӣ машғуланд.

Тоҷикистон солона барои шикори бузи морхур, гӯсфанди Марко Поло ва дигар ҷонварон муҷаввиз медиҳад ва аз ҳисоби шикор бештар аз як миллион доллар ба буҷаи кишвар ворид мешавад.

Аксҳоро Ana-Maria Pavalache дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт

XS
SM
MD
LG