Пайвандҳои дастрасӣ

Тазарвҳои чехӣ муқими Тоҷикистон шуданд


Акс аз бойгонии Латифи Латифӣ

Ҳудуди ду ҳазор мурғи тазарве, ки соли 2016 аз Русияву Ҷумҳурии Чех ба Тоҷикистон оварда шуданд, метавонанд ба зудӣ шумори паррандаҳои нодир дар парваришгоҳи Данғараро афзоиш диҳанд.

То кунун дар Данғара дар садкилометрии Душанбе навъи зебои мурғи тазарв вуҷуд надошт, аммо мутахассисон мегӯянд, табиат, иқлим ва ҳудуди ин ноҳия барои парвариши ин паррандаи зебову нодир мувофиқ аст. Як ҳадафи вуруди садҳо сар мурғи маъруфе, ки аз он бо

Ҳоло анвони ҳайвоноту набототи Тоҷикистон, ки бо хатари нобудшавӣ рӯбарӯ ҳастанд, 488 навъ ҳисоб шудаанд.

муродифҳои “титав” ва “фазан” ҳам ёд мекунанд, наслгирӣ ва мутобиқкунии ин мурғон дар табиати Тоҷикистон аст.

Рустам Давлатшоев, сардори Идораи бозрасии ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғара мегӯяд, ки ҳоло “меҳмонҳои хориҷӣ” дар як парваришгоҳи пӯшидаву вижа таҳти назорати хоси мутахассисони ҷонваршинос қарор доранд. Ӯ мегӯяд, ки иқлими Данғара барои парваришу наслгирӣ ва ҳам зиёд кардани мурғи тазарв хеле муносиб аст. “Ин як зебоии табиат аст ва дар оянда дар сурати зиёд шудан барои шикор низ шояд иҷозат дода шавад.”

Ҳоло мурғҳои хориҷӣ дар ҳудуди парваришгоҳе меҳмон шудаанд, ки наздик ба обанбори Норак буда, обу ҳавои тозаву мусоид дорад. Панҷ соли пеш бо қарори ҳукумати Тоҷикистон дар ин мавзеъ мамнӯгоҳи ҳифзшаванда таъсис ёфта буд. Масъулин мегӯянд, ки мурғҳои даштии соли гузашта махсус аз минтақаи Подолски Русия оварда шуда, зоҳиран шароити зиндагӣ дар кишвару муҳити навро хуш пазируфтаанд ва ба иқлими Тоҷикистон одат мекунанд.

Тазарвҳо дар Китоби сурхи Тоҷикистон ворид шудаанд

Вуруди мурғҳои тазарв ба Тоҷикистон аз бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи зиёд намудани саршумори оҳуи холдор, говазни бухороӣ, хуки ваҳшӣ ва мурғи тазарв” оварда шудаанд.

Мурғи тазарв аз шумули паррандаҳои нодири табиати Тоҷикистон ба шумор рафта ба ҳамин хотир ҳам дар “Китоби Сурх”-и Тоҷикистон ворид шудаанд. Ба ин китоб аслан он навъи ҷонварону паррандагоне ворид мешаванд, ки бо хатари нобудшавӣ рӯбарӯ буда, муҳофизати махсусро талаб мекунанд.

Ҷангалбонҳои тоҷик маҳалли ғизохӯрии ҷонваронро бо каҳ таъмин мекунанд
Ҷангалбонҳои тоҷик маҳалли ғизохӯрии ҷонваронро бо каҳ таъмин мекунанд

Дар вилояти Суғду Хатлон ҳоло навъҳои тазарви сирдарёӣ, тазарви тоҷикӣ ва тазарви зарафшонӣ ба назар мерасад, ки ба гуфтаи мутахассисон, аз рӯи ранги парҳояшон аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Бо вуҷуди нодир будани ин парранда, ба қавли Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, шикори ғайриқонунии онҳо ҳам ҷой дорад.

Абдулло Салимов, як шикорчии тоҷик мегӯяд, ин навъи паррандаро бештар дар даштҳои ноҳияи Шаҳритуси Тоҷикистон мушоҳида кардааст. Ин шикорчии тоҷик мегӯяд, худаш қонунҳоро риоя мекунад ва ҳеҷ гоҳ тир ба сӯи ҷонвари шикораш мамнӯъ намеандозад, вале майли бархе афрод ба шикори тазарвро ба хусусияти ин парранда рабт дод.

​Вай мегӯяд, тазарв маъмулан дар масофаҳои дастрас барои тири шикорчӣ ва бо суръати начандон баланд парвоз мекунад, гоҳҳо дар маҳалҳои дастрас ба манзили одамон ба замин мешинад ва тамъи гӯшту маззааш хеле ширин аст. “Ин парранда дар туғайзорҳо лона мекунад, вале мисли кабку дигар паррандаҳо ҳангоми дидан оҳиста парвоз мекунад. Барои ҳамин, шикораш осонтар аст. Шояд ба ҳамин хотир аст, ҳоло саршумори он камтар шудааст”, - гуфт ин шикорчии тоҷик.

Мурғи тазарв - мурғи шоҳон буд

Мурғи тазарв бо болҳои ранга аз дигар мурғони даштӣ фарқ карда, то як килограм вазн дорад. Дар сурати парваришу нигоҳубини дуруст, имкони то ба як миллион сар расонидани ин мурғҳо дар парваришгоҳи Данғара вуҷуд дорад.

Зимнан, дар Русия ва Аврупо мурғи тазарвро бо ҳадафи шикор ҳам зиёд парвариш мекунанд ва пару хӯсаи зебои ин мурғи даштӣ дар осорхонаҳои шикорчиёни маҳаллӣ, аз ҷумла шоҳони давр нигоҳдорӣ мешаванд. То имрӯз пари мурғи тазарв барои ороиши кулоҳҳои шикорӣ дар Аврупо истифода мешавад. Гӯшти он хеле сиҳӣ ва бидуни чарб буда, аз ғизоҳои шоҳона маҳсуб мешавад.

Тазарвҳое, ки аз Русия ва Чехия ба Тоҷикистон оварда шудаанд, дар ин кишварҳо дар парваришгоҳҳои хос парвариш меёфтанд. Мақомот мегӯянд, ҳарчанд, ҳоло дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон шумори камтари тазарв ба назар расад ҳам, аммо онҳо нахостанд, бо боздошт ва ба як минтақаи дигар овардан тавозунро вайрон кунанд.

Беш аз 400 ҷонвару набототи дар ҳоли нобудшавӣ

Дар чанд соли ахир Тоҷикистон талош дорад, бо амали намудани тарҳҳое табиати харобгаштаро дубора барқарор кунад. Коҳиши ҳайвон ва паррандаҳои нодир дар Тоҷикистон аз замони ҷанги шаҳрвандӣ вусъат пайдо кард. Он замон қонун дуруст амал намекард ва сокинон бераҳмона ин навъи паррандагонро шикор мекарданд. Мурғи ҳилол, парандаи навъи дуғдор низ дар Тоҷикистон кам шудааст. Замони ҷанги шаҳрвандӣ навъи гавазни тоҷикӣ ва гови мавсум ба тур ё бизон комилан аз байн рафт.

Аз сӯи дигар, таъсири гармоиши иқлим ба зиндагии маъмулии ҳайвонону набототи Тоҷикистон таҳрирҳои ҷиддӣ ворид кард. Камшавии саршумори бабри барфӣ як натиҷаи тағйироти иқлим аст. Донишмандони тоҷик мегӯянд, ба нашри охирини Китоби сурхи Тоҷикистон аз соли 2015 - 102 навъи дигари ҷонварону набототи дар ҳоли нобудшавӣ ворид шуданд, ки 60 намудашон ҷонварон будаанд. Ҳоло анвони флораву фаунаи нобудшаванда дар Тоҷикистон 488 навъ ҳисоб шудааст, ки 25 дар сад бештар назар ба даврони шӯравӣ будааст.

Ҳоло мақомот аз роҳи вуруди навъҳои нодири ҷонварон дубора табиати Тоҷикистон ва баланс ё таносуби экологиро дар кишвар барқарор кунанд ва ҳам парранда ва ҳайвоноти боқимондаро аз нобудшавӣ наҷот диҳанд. Як роҳи дигар - ташдиди мубориза бо шикори ғайриқонунӣ аст, вале он ҳам бештар дар сатҳи ҷаримабандӣ анҷом мешавад. Соли гузашта беш аз 200 нафар дар Тоҷикистон барои шикори ғайриқонунии парранда ва ҳайвонот наздик ба 30 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG