Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заргулдор куҷост?


Заргулдор, яке аз паррандаҳои кӯчӣ, одатан аввалҳои моҳи май ба Бадахшон парида меояд ва сари буттаҳо ва дарахтон нишаста, ба нағмасароӣ мепардозад.

«Модари Шодӣ» дер кард...

Байни мардум ин парранда бо номи «Шодӣ ғалбел» маълум буда, тибқи ривоят модари Шодӣ ном бачае будааст, ки барои талбидани ғалбел ба тарафи дигари дарё рафта, аммо барнагаштааст ва модар дар фироқи фарзанди ягона ба парранда табдил шудаву, аз субҳ то шом бо овози ҳазин Шодиро металабад.

Аммо имсол садои заргулдор дар дашту боғоти Бадахшон ҳанӯз ба гӯш намерасад.

Ба гуфтаи олимони риштаи муҳитзистӣ, вазъи боду ҳавои имсола сабаби таъхир дар роҳи кӯчи паррандаҳо аз мамолики гарм ба минтақа шудааст.

Сардиҳо паррандагонро тарсонидаанд

Номзади улуми биологӣ ва сардори идораи ҷангали вилоят Абдулназар Абдулназаров мегӯяд, ҳамасола охири моҳи феврал саговдавакҳои сафед – нахустин паррандаҳои кӯчӣ аз худ дарак медоданд. Аммо имсол ин парррандаҳо танҳо нимаи моҳи март ба Помир омаданд.

Абдулназар Абдулназаров мегӯяд, ғозҳои сафеди ҳиндӣ одатан моҳи май дар Зоркул лонасозиро анҷом медоданд ва ба ҷуфткунӣ мепардохтанд, аммо имсол ба сабаби сардиҳои ҳаво ва боришоти пайдарпай ҷуфти аввали ин паррандаҳои нодир нав дар кул маскан гирифтанд.

Ба гуфтаи ин мутахассис, чанд сол қабл пас аз парвози паррандаҳо аз мамолики гарм ба Помир ва бар асари якбора сардшавии ҳаво теъдоде аз паррандаҳои нодир ба сардӣ тоб наоварда, нобуд шуданд. Аммо имсол агарчанде тағйири якбораи ҳаво мушоҳида нашудааст, аммо омили табиӣ ба раванди муҳоҷирати паррандагон таъсир гузоштааст.

«Роҳи абрешим»-и паррандагон

Дар Бадахшон зиёда аз 200 намуди паррандагон лона мегузоранд, ки 21 намудашон ба шумули дурроҷи кӯҳӣ, кабутари синасафед, мурғи ҳилоли тибетӣ, ғозҳои ҳиндӣ, шилмуш, саҷҷа, бургут шомили Китоби Сурханд. Ба гуфтаи Абдулназар Абдуназаров, аммо аз ин қатори паррандагони нодир кабутари синасафед ва мурғи ҳилоли тибетӣ аз таъсири омилҳои табиӣ ва инсонӣ дар ҳолати нестшавӣ қарор доранд.

Олимони табиатшинос Помирро минтақаи муҳими транзитӣ дар роҳи муҳоҷирати баҳорӣ ва тирамоҳии паррандагон дар қораи Осиё арзёбӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG