Пайвандҳои дастрасӣ

19 дирам дар рӯз барои нигоҳубини як ҳайвони нодир дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Будҷаи Тоҷикистон барои нигоҳубини як ҷонвари нодир, ки ба “Китоби сурх” ворид шудааст, дар як рӯз ҳамагӣ 19 дирам ихтисос медиҳад. Дар як моҳ ин маблағ баробар бо 60 сенти амрикоӣ мешавад. Убайдулло Акрамов, муовини мудири мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” бо зикри ин матлаб гуфт, ки маҳз камбуди маблағ боиси он шудааст, ки ин мамнӯъгоҳи нодири Тоҷикистон, ки дар ҳудуди 50 гектар замин доман афрохтааст, аз шароити зарурии нигаҳдошту рушд бархӯрдор нест.

Ба гуфтаи Акрамов, коршиносони хориҷӣ аз “Бешаи палангон” дидан карда, ба хулосае расидаанд, ки ба ин мамнӯъгоҳ бояд аз кӯмаки ҳамешагӣ ба хотири ҳифзу нигаҳдорӣ ва ҳам наслгирӣ аз даҳҳо навъ ҷонварони нодир бархӯрдор шавад, вагарна он ҳам аз даст хоҳад рафт. Дар як мусоҳибаи ихтисосиаш бо Радиои Озодӣ рӯзи 24 январ Убайдулло Акрамон инчунин гуфт, ки дар гузашта гоҳҳо дар соҳилҳои ин мамнӯъгоҳ ҳодисаҳои шикори ғайриқонунӣ ҳам мушоҳида шудааст.

Будҷаи Тоҷикистон барои нигоҳубини як ҷонвари нодир, ки ба “Китоби сурх” ворид шудааст, дар як рӯз ҳамагӣ 19 дирам ихтисос медиҳад. Дар як моҳ ин маблағ баробар бо 60 сенти амрикоӣ мешавад.

Убайдулло Акрамов: Мутаассифона, мушкилоти зиндагии мардум ба фаъолияти мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” бетаъсир намондааст. Вале ба ҳар сурат, мо талош мекунем, ки вазъият беҳбуд ёбад. Аз ҷумла, шароити кории кормандон беҳбуд ёфта, барои мамнӯъгоҳ қаиқҳои зудравро харидорӣ кардем, ки тавассути он нозирон акнун метавонанд худро дар фурсати кӯтоҳ аз як ҷазира ба ҷазираи дигари “Бешаи палангон” бирасонанд. Қаблан мо наметавонистем зидди шикорчиёни ғайриқонунӣ, ки чунин қаиқҳоро доштанд, мубориза барем. Сокинони деҳаҳои атрофи мамнӯъгоҳ ҳамакнун медонанд, ки нозирон чунин қаиқҳо доранд ва дигар аз шикори ғайриқонунии моҳӣ, ҷонварон ва паррандаҳо худдорӣ мекунанд.

Бешаи палангон.
Бешаи палангон.

Радиои Озодӣ: Яке аз ҳадафҳои ҳифзу нигаҳдории мамнӯъгоҳҳои табиӣ – мусоидат дар зинда нигоҳ доштани анвои мухталифи ҳайвоноту набобот аст. Дар ин замина чӣ дастоварде доред?

Убайдулло Акрамов: Дар се соли ахир дар мамнӯгоҳи “Бешаи палангон” афзоиши миқдори гавазни бухороӣ мушоҳида шуд ва ҳоло теъдоди онҳо ба 344 адад расидааст, ки дар тӯли солҳои истиқлолият бесобиқа мебошад. Намояндаҳои Фонди ҳифзи ҳайвоноти ваҳшии Русия аз мамнӯъгоҳи мо дидан карда, бо дарназардошти дастовардҳои мо ваъда доданд, ки минбаъд барои ҳалли мушкилоти мо кӯмаки молӣ мекунанд. Гузашта аз ин, дар соли гузашта мо дар деҳаҳои атрофи мамнӯъгоҳ корҳои зиёди таблиғотӣ анҷом дода, ҳатто дар масҷидҳову мактабҳо ба мардум фаҳмондем, ки агар ин мамнӯъгоҳ набошад, дар ин минтақа вазидани бодҳои хушк, афзоиши миқдори ҳашароти зараррасон ва магасҳо мушоҳида шуда, сатҳи обҳои зеризаминӣ баланд мешавад. Онҳо дарк карданд, ки ҳифзи ин мамнӯъгоҳ ба суди онҳост ва ҳоло довталабона дар ҳифозати ҷонварҳои нодир ва моҳиҳои ин мамнӯъгоҳ саҳм мегузоранд.

Шикори ғайриқонунӣ дар "Бешаи палангон"

Радиои Озодӣ: Аммо дар соли гузашта мавридҳои шикори ғайриқонунӣ дар ин мамнӯъгоҳ мушоҳида шуда буданд?

Убайдулло Акрамов.
Убайдулло Акрамов.

Убайдулло Акрамов: Бале, чунин ҳодисаҳо буданд. Вақте фасли сармои шадид фаро расид, ҳолатҳои шикори паррандаҳо мушоҳида шуданд. Аммо чунин ҳолатҳо дар минтақаҳои марзии мамнӯъгоҳ дар соҳили чапи рӯдхонаи Вахш рух дода буданд. Шикори ғайриқонунӣ маъмулан дар ҷазираҳое рух дода буданд, ки то ҳол ба ҳудуди мамнӯгоҳ расман ворид карда нашудаанд. Ҳарчанд нозирони мо талош мекарданд, ки аз чунин шикорҳо ҷилавгирӣ кунанд, аммо бо ин вуҷуд дар соли 2016 чунин ҳолатҳо рух додаанд. Мо барои пешгирӣ аз чунин ҳодисаҳо, аз ҷумлаи аҳолии маҳаллӣ нозиронро ба кор ҷалб карда, ба таври ҳавасмандкунӣ ба онҳо маблағ медиҳем ва чунин амр натиҷаи хубе медиҳад.

Дар "Бешаи палангон" шикор иҷозат нест

Радиои Озодӣ: Аммо имкон дорад, ки алоқамандон дар “Бешаи палангон” ба шикори қонунӣ машғул шаванд?

Бешаи палангон.
Бешаи палангон.

Убайдулло Акрамов: Дар мамнӯъгоҳҳо ягон намуди шикор иҷоза дода намешавад. Дар мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” ва ҳар гуна паркҳои табиӣ шикор қатъиян мамнӯъ мебошад. Танҳо бо машварат бо Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Кумитаи муҳити зист барои анҷом таҳқиқот бархе аз ҷонварон бо гузаронидани сӯзандору мадҳуш карда шуда, баъд аз анҷоми ташхис боз ба ҳолати табиӣ баргардонида мешаванд.

Туризми илмӣ

Радиои Озодӣ: Дар ин сурат мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” бо чӣ роҳе мехоҳад сайёҳони хориҷиро ба ин ҷо ҷалб созад?

Убайдулло Акрамов: Мо қасд дорем дар “Бешаи палангон” туризми илмиро роҳандозӣ кунем. Ба унвони мисол, паррандае бо номи “Дуғдони хушрӯяк”, ки дар кишварҳои арабӣ ва аврупоӣ комилан ай байн рафтааст, “Бешаи палангон”-ро маҳалли иқомати худ интихоб кардааст. Алоқамандони зиёде аз кишварҳои мухталиф ҳастанд, ки мехоҳанд зиндагӣ ва парвози ин паррандаро аз наздик бубинанд. Ҳамчунин анвои мухталифи лаклаки сафед ва сиёҳ ин мамнӯъгоҳро маҳалли зимистонгузаронии худ интихоб кардаанд. Мо мехоҳем туризми экологӣ дар робита ба пажӯҳиши зиндагии ин паррандаҳо дар худи кӯлҳоро роҳандозӣ кунем. Ҳамзамон омӯзиши туғайзорҳоро, ки дар сайёра бо хатари нобудшавӣ рӯбарӯ ҳастанд, мехоҳем шурӯъ кунем. Ҳамзамон бояд гуфт, ҳоло талошҳое барои қонунӣ кардани шикори ҳайвоноти нодир дар мамнӯъгоҳҳо ва паркҳои табиии дигар дар Тоҷикистон анҷом дода мешаванд. Дар назар аст, ки ҳайвоноти аз ҷиҳати биологӣ нодаркор, яъне онҳое, ки дигар насл дода наметавонанд, мавриди шикор қарор дода шаванд. Вале ин ҳама танҳо дар сурати тағйири қонунгузорӣ имконпазир хоҳад шуд.

Радиои Озодӣ: Соли гузашта дар мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” фавти моҳиҳо мушоҳида шудааст. Сабаби ин амр чӣ буд?

Убайдулло Акрамов: Ин ҳодиса замоне рух дод, ки ҳаво якбора гарм шуда, ҳарорат ба 57 дараҷа расид. Дар ин ҳолат, дар таркиби об оксиген кам мешавад, ки ба фавти моҳиҳо мунҷар мешавад. Он вақт фавти як дона моҳӣ дар 100-110 метр мушоҳида шуд, ки тибқи меёр фавти табиӣ дониста мешавад. Чунин вазъият як ҳафта идома дошт ва тақрибан 40-45 дона моҳӣ нобуд шуд.

"Бешаи палангон" чӣ мушкил дорад?

Радиои Озодӣ: Лутфан бигӯед, ки ҳоло дар фаъолияти мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” чӣ мушкилие вуҷуд дорад? Оё мабалағи ихтисосшуда кофӣ аст?

Убайдулло Акрамов: Ҳоло барои нигоҳубини як адад ҷонвари нодири мамнӯъгоҳ аз буҷаи кишвар барои як рӯзи зимистонгузаронӣ ҳамагӣ 19 дирам (баробар бо 5,50 сомонӣ ё 60 сент дар як моҳ) ҷудо мешавад. Агар ин маблағро боз ба соат тақсим кунем, рақами хандаоваре ҳосил мешавад. Ихтисоси чунин миқдор маблағ дар ҳеҷ як кишвари ҷаҳон дида намешавад. Бояд зикр кард, ки агар ҷонвар дар фасли сармо ду рӯз ғизои қавӣ нахӯрад, маҳв мешавад. Хуб мешуд агар вазорати молияи Тоҷикистон дар бахши ҳифзи ҷонварҳои нодир ихтисоси маблағро таҷдиди назар кунад. Дар кишварҳои ҳамсоя ба ин мақсад маблағҳои бамаротиб бештар ҷудо мешаванд. Ин аст мушкили асосии мо.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG