Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикор бо "Самсунг" Алиакбарро ба дарди сар гирифтор кард. САДО


Алиакбар мегӯяд, хуб мебуд агар кабкро раҳо мекард.
Алиакбар мегӯяд, хуб мебуд агар кабкро раҳо мекард.

Мақомоти ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон як блогери ҷавонро дар таблиғи шикори ғайриқонунии кабк бо истифода аз телефони мобил муттаҳам мекунанд.

Ин блогери тоҷик тарзи боздошти кабк бо истифода аз телефони мобилро наворбардорӣ кардааст, ки онро дар саҳифаи иҷтимоии Ютюб дар як моҳ наздики 150 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

"Блогерро ҷарима кунед"

Шамсиддин Раҳимов, сардори Раёсати бозрасии давлатии ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон рӯзи 2-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки видеои шикори ғайримуқаррарии кабкро пайгирӣ кардаанд ва ба намояндаҳои худ супориш додаанд, то ин ҷавонро ҷарима кунанд.

“Мо ин видеоро ба наздикӣ дар интернет дидем. Мутахассисро вобаста кардем, то чора бинад. Шикори ғайриқонунӣ худаш як қонуншиканӣ ҳаст ва таблиғи он қонуншикании дигар. Дар ин самт, мутахассисҳо ва дигар мақомот кор мекунанд ва ба шумо натиҷаҳояшро мегӯем” – гуфт, мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Кабки нарина фирефтаи садои кабки модина шуда ба дом меафтад.
Кабки нарина фирефтаи садои кабки модина шуда ба дом меафтад.

Дар навори сербинанда ба номи “Шикори кабк бо телефон”, ки рӯзи 26-уми майи имсол Алиакбари Ҷамолиддин дар шабакаи Ютюб гузоштааст, ӯ нишон медиҳад, чӣ гуна метавон, паррандаеро бо садои телефони ҳамроҳ ба дом афтонд. Наворро тақрибан 150 ҳазор маротиба тамошо кардаанд.

Фиреби кабки нар бо телефон

Алиакбар Ҷамолиддин садои кабкро аз телефони ҳамроҳаш баланд мекунад ва телефонро зери алаф ва атрофи он дом мегузорад. Баъди муддати интизорӣ кабки наринае ба назди телефон меояд ва дар ниҳоят ба дом мепечад.

Як нафар хоста буд, ки бемор дорад ва ин парранда барояш муфид аст ва ман ҳам гуфтам, ҳамзамон видео сабт мекунам.

Алиакбар нақл мекунад, ки баъзеҳо барои шикори кабк, бо худ кабк мегардонанд, то бо садои он кабки дигарро ба дом афтоданд, аммо намедонанд, ки истифодаи телефони ҳамроҳ роҳи осону соддаи шикор аст.

Мо Алиакбарро аз шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» пайдо кардем. Алиакбар Ҷамолиддин рӯзи 2-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар воқеъ видео аз ӯст ва дар қаламрави ноҳияи Дӯстӣ ва ё Ҷилликӯли собиқ сабт шудааст. Ӯ гуфт, хуб мебуд агар кабкашро сар медод, вале ин корро накард.

“Як нафар хоста буд, ки бемор дорад ва ин парранда барояш муфид аст ва ман ҳам гуфтам, ҳамзамон видео сабт мекунам” - гуфт, Алиакбар ба Радиои Озодӣ.

Шикори кабк бо "Самсунг" Алиакбарро ба дарди сар гирифтор кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:48 0:00
Линки мустақим

Шамсиддин Раҳимов сардори Раёсати бозрасии давлатии ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳаргуна шикори ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон мамнӯъ аст ва аз ҷумла барои шикори кабк 100 сомонӣ ҷарима таъйин шудааст.

"Шикори "номардона" қабул нест"

Коршиносони соҳаи ҳифзи муҳити зист мегӯянд, бо шеваҳои гуногун шикори ғайриқонунӣ аз қабл вуҷуд дошт, вале таблиғи оммавии он сафи шикорчиёнро бештар мекунад ва ҷонварони нодирр ба нестӣ мерасонад.

Алимаҳмад Рузиев, узви як созмони табиатдӯстдорон мегӯяд, шикори кабк бо телефони мобил ва моҳӣ бо воситаи барқ дар миёни шикорчиёни асил шикори “номардона” унвон мешавад.

Ӯ гуфт: “Ҳоло моҳиро дар рӯдхона бо барқ мезананд, ки даҳҳо моҳии хурду бузург мемурад ва насли моҳии нодир аз байн меравад. Кабкро бо телефон дар як рӯз то даҳтоашро ҳам шикор мекунанд. Шикори аслӣ барои шикорчӣ як воситаи баланд кардани рӯҳ аст. Шикорчии асил як кабк медорад ва ё ду се моҳӣ. Қоидаҳоро риоя мекунад ва ба нест шудани насл роҳ намедиҳад. Лекин бо ин шева насли моҳиву кабкро кам мекунанд. Набояд масъулон ба ин шакли шикор роҳ диҳанд. Таблиғи он ҳам бояд ҷиддӣ баррасӣ шавад.”

Бар асоси қонун дар Тоҷикистон шикор ба онҳое иҷоза дода шудааст, ки шаҳодатнома доранд ва қабл аз шикори ҷонвар ва ё паррандае пули муайяне ба буҷаи давлат месупоранд.

Тоҷикистон ҳамасола барои шикори ҳайвоноти нодир, аз ҷумла барои бузи Морхур, оҳӯи Бухороӣ ва гусфанди Ғурм ё Марко Поло квотаи махсус ҷудо мекунад. Солона аз ҳисоби шикори қонунии ин ҳайвонот ба буҷаи Тоҷикистон беш аз 1 миллион доллар ворид мешавад.

Бозрасии давлатии ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дар охирин нишасти матбуотӣ дар моҳи январи имсол гуфт, бо вуҷуди талошҳо ҳанӯз шикори ғайриқонунии ҳайвонот, паррандаҳо ва моҳиҳо ба назар мерасад.

Ба гуфтаи ин идора, дар як соли гузашта беш аз даҳ ҳазор ҳолати шикори ғайриқонунии парранда, ҳайвоноти нодир, моҳиҳо ва буридани дарахтон сабт шудааст. Ин бозрасӣ ва идораи ҷангали Тоҷикистон даҳҳо нафари қонуншиканро ҳудуди даҳ миллион сомонӣ ҷарима кардаанд.

XS
SM
MD
LG