Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти нахустини рӯ ба рӯи Путин ва Ким Чен Ун


Раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун гуфтааст, ки дар вохӯрии нахустин бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия “гуфтугӯи пурборе” доштааст. Раҳбарони ду кишвар рӯзи 25-уми апрел дар Донишгоҳи шаҳри Владивосток дар Шарқи Дур мулоқот доштанд.

Суҳбати Ким Чен Ун ва Владимир Путин баъди он сурат гирифт, ки гуфтугуҳои байни Коряи Шимолӣ ва Амрико дар бораи даст кашидани Пхенян аз тавлиди силоҳи атомӣ бенатиҷа анҷом ёфт.

Баъди мулоқоти ду соатаи рӯ ба рӯ Ким Чен Ун гуфт: “Мо дар бораи масоили мавриди назари тарафаён табодули назари пурборе доштем.” Владимир Путин гуфт, ки ӯ ва Ким Чен Ун барои коҳиши танишҳо дар атрофи барномаҳои атомии Кореяи Шимолӣ “суҳбати муҳиме” доштанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Додгоҳ амр дод, Тоҷикистонро тарк кунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:14 0:00
XS
SM
MD
LG