Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситон барои Хуршед Азизов як соли ҳабс талаб кард


Хуршед Азизов
Хуршед Азизов

Намояндаи додситонӣ ба Хуршед Азизов, гумонбар ба латту кӯби як духтар дар маркази шаҳри Душанбе, як соли ҳабс талаб кард.

Мурофиаи Азизов рӯзи 24-уми апрел дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баргузор шуд. Додрас ба хонаи машваратӣ рафт ва интизор меравад ба зудӣ ҳукм эълон шавад.

Навори латту кӯби як духтар дар Душанбе шаби якуми марти имсол аз тарафи корбарони "Фейсбук" нашр шуд. Дар навор дида мешавад, ҷавон духтареро аз бордони мошин поин оварда, латту кӯб мекунад ва боз дубора ба мошин зӯран савор менамояд. Дар паҳлӯи ӯ дастикам чаҳор ҷавони дигар истодаанд. Навор аз ҷониби роҳгузаре сабт шуда буд ва дар он сару садои духтар хуб шунида мешавад.

Мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе баъди ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтани навор зуд ба таҳқиқи ҳодиса оғоз карданд ва он дар давоми ду соат ошкор шуд. Ин ҳодиса субҳи барвақти якуми март дар назди тарабхонаи “Галакси” рух дода буд. Мақомот ҳодисаро “дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ” ва “беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият” номиданд.

Малика Соҳибназарова, духтари 23-солае, ки рӯзи 1 март аз ҷониби дӯстписараш Хуршед Азизов шадидан латту кӯб шуд, се рӯз баъди ҳодиса дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "худаш гунаҳкор буд" ва аслан намехоҳад, Азизов барои ин ҳодиса пушти панҷара равад.

XS
SM
MD
LG