Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар озодии баён аз Узбекистон ақиб монд


Созмони Хабарнигорони бидуни марз (Reporters Without Borders) дар гузориши солонаи худ Тоҷикистонро дар қатори кишварҳои саркӯбгари озодии баён ва наздик ба хатти "сиёҳ" ҷой дод.

Дар дохил будан ва бо ташхиси набзи ҷомеа кор кардан беҳтар аст

Дар раддабандии имсолаи созмон Тоҷикистон 12 зина поин рафт ва дар байни 180 кишвар дар мақоми 161-ум қаорор гирифт. Соли гузашта Тоҷикистон аз рӯи меъёрҳои риояи озодии баён дар ҷойи 149-ум буд.

Талаби RWB аз Тоҷикистон

Йоҳан Бир
Йоҳан Бир

Йоҳан Бир, масъули дафтари Осиё ва Аврупои созмони Хабарнигорони бидуни марз рӯзи 18-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон ба хотири сахттар кардани фишор болои матбуоти мустақил ҷойгоҳи худро аз даст дод. Ӯ гуфт, дар Тоҷикистон маҳдуд кардани сомонаҳо, баста шудани нашрияҳо ва фишор ба рӯзноманигорон афзудааст.

Соли гузашта ҳафтаномаи “Озодагон” ва “Пайк” баста шуда, Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигори мустақил 8 моҳ дар зиндон буд. Бар илова, озори журналистон ва "шантаж"-и онҳо аз ҷониби мақомот аз мушкилиҳои дигари озодии баён гуфта шудааст.

"Тоҷикистон бояд фавран аз маҳдудсозии озодии сухан даст бардорад, чун агар вазъ чунин давом кунад, дар ояндаи наздик шомили рӯйхати сиёҳ мешавад, ки барои обрӯи ин кишвар зиёновар аст", - гуфт Йоҳан Бир.

Тоҷикистон ҳоло дар рӯйхати сурх (маънояш – "бад") ва дар ҳамсоягӣ бо хатти сиёҳ ("бадтар") қарор дорад.

Вакил: "Воқеият дигар аст"

Олим Салимзода
Олим Салимзода

Олим Салимзода, раиси Кумитаи равобити байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти порлумони Тоҷикистон, рӯзи 18-уми апрел гуфт, ҳарфҳои созмони Хабарнигорони бидуни марз "якҷониба аст".

Ӯ гуфт, қонунҳои Тоҷикистон озодии суханро кафолат медиҳанд. "Ин назари ҳамон созмон аст. Аммо дар Тоҷикистон мардум озодона фикрашонро мегӯянд, менависанд, суҳбат мекунанд. Бояд воқеиятро дид. Гумон мекунам, дар Осиёи Миёна аз нигоҳи танзими фаъолияти расонаҳо ва озодии сухан мо хеле пешрафт дорем. Ҳар касе дар доираи қонун кор мекунад, ҳама шароит фароҳам аст", - афзуд Салимзода.

Иддаои Салимзода дар ҳолест, ки Хабарнигорони бидуни марз мегӯяд, дар самти озодии баён Тоҷикистон бар хилофи кишвари ҳамсояааш Узбекистон ҳаракат мекунад ва дар Осиёи Марказӣ, пас аз Туркманистон, дар ҷойи дувум қарор дорад. Дар раддабандии имсолаи Хабарнигорони бидуни марз Узбекистон панҷ зина боло рафта, дар мақоми 160-ум қарор гирифтааст, ки як зина болотар аз Тоҷикистон аст.

Ба Тоҷикистон чӣ шуд?

Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, гуфт, баъди даргузашти Ислом Каримов, президенти пешини Узбекистон, ҷойгоҳи ин кишвар дар самти рушди озодии баён аз Тоҷикистон беҳтар шуд. Аммо, ба гуфтаи ӯ, баръакс, дар Тоҷикистон "расонаҳои мустақил дар ҳолати бӯҳрон қарор доранд ва шароит барои рушди расонаҳо мавҷуд нест".

Созмони хабарнигорони бидуни марз ҳам гуфтааст, "аксар расонаҳои мустақили Тоҷикистон маҷбур буданд ё баста шаванд ва ё аз кишвар берун шаванд". "Онҳое, ки дар дохил мондаанд, маҷбуранд бо садбандиҳои интернетӣ муқобила кунанд ва зери фишоре қарор дошта бошанд, ки онҳоро ба худсензура мебарад", - гуфта шудааст дар гузориши созмон.

Фаъолият дар дохил хуб аст, ё аз берун?

Зафар Суфӣ, муассиси хабаргузорӣ ва нашрияи "Озодагон", мегӯяд, “бинобар фишор дар Тоҷикистон” кишварро тарк кард ва ҳоло тасмим дорад, расонаҳои худро дар хориҷа фаъол кунад.

"Дар хориҷа фаъол кардани расона албатта худсензуриро аз байн мебарад, вале гоҳе ба ҳадде ба хабарнигор озодӣ медиҳад, ки метавонад иштибоҳ кунад. Албатта, дар дохил будан ва бо ташхиси набзи ҷомеа кор кардан беҳтар аст", - гуфт ӯ.

Мақомот мегӯянд, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон беш аз 370 нашрияи давлативу хусусӣ ва хабаргузорӣ фаъол аст. Аммо нозирони умур мегӯянд, бисёре аз онҳо аз интиқоди ошкорои камбуди ҷомеа парҳез карда, “бештар машғули таблиғи дастовардҳоянд”.

XS
SM
MD
LG