Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилон хостори сафед кардани Хайрулло Мирсаидов шуданд


Хайрулло Мирсаидов баъди тарки Тоҷикистон гуфт, ки дар Гурҷистон табобат мегирад

Вакилони дифои Хайрулло Мирсаидов, хабарнигор ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон аз Додгоҳи Олӣ дархост кардаанд, ки парвандаи ӯро бознигарӣ ва ӯро пурра сафед кунад.

Бахтиёр Насруллоев, вакили дифои Мирсаидов рӯзи 9 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, шикоятномаи худро ба Додгоҳи олӣ рӯзи 1 апрел ирсол кардааст.

Бахтиёр Насруллоев гуфт: “Мо дар маҷмӯъ навиштем, ки дар кирдори ӯ таркиби ҷиноятҳои "азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ", "сохтакории ҳуҷҷатҳо" ва "пахши маълумоти бардурӯғ" тибқи моддаҳои 245, 346, 340-и Кодекси ҷиноӣ дида намешавад. Дар амалҳои ӯ таркиби ҷиноят вуҷуд надорад. Айбҳо бар зидди Мирсаидов сохтаву беасос буда, ҳукми додгоҳ ғайриқонунӣ содир шудааст. Бинобар ин, аз зинаи назоратии раёсати Додгоҳӣ Олӣ дархост намудем парвандаи Мирсаидовро бознигарӣ ва ӯ пурра пурра сафед кунанд”.

Насруллоев афзуд, тибқи пешбинии қонун Додгоҳи Олӣ дар тӯли 2 моҳ бояд ба аризаи онҳо посух бидиҳанд.

Мирсаидов моҳи декабри соли 2017 боздошт ва моҳи июли соли 2018 бо ҷурми "азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ", "сохтакории ҳуҷҷатҳо" ва "пахши маълумоти бардурӯғ" ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Боздошти ӯ баъди он сурат гирифт, ки хабарнигори тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ раиси собиқи идораи ҷавонони вилояти Суғдро ба талаби "пора" муттаҳам кард.

Дар пайи талаби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмону кишварҳои байналмилалӣ, Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 22-юми августи 2018 Мирсаидовро шартан аз зиндон озод кард, вале доғи судиро аз номи ӯ набардошт. Хайрулло Мирсаидов ба пардохти 78 ҳазор ҳазор сомонӣ ҷарима ва инчунин ду сол корҳои ислоҳӣ муваззаф шуд.

Ӯ охири соли гузаштаи 2018 барои табобат ба Гурҷистон рафт ва Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Мирсаидовро ғоибона ба 8 моҳи зиндон маҳкум карда ва рӯзи 11-уми феврал таҳти ҷустуҷӯ қарор дод. Мақомот ӯро барои сарпечӣ аз корҳои ислоҳӣ ва тарки маҳалли зист айбдор карданд.

“Қонун пешбинӣ кардааст, ки вақте ки шахс агар қасдан аз адои ҷазо даст мекашад, додгоҳ ҳақ дорад ҷазои ӯро ба сангинтар иваз кунад. Вале вақте ки шахсро сабабҳои узрнок, масалан беморӣ ба ин водор мекунад, ҷазо иваз карда намешавад. Мирсаидов низ ба сабаби табобати бемориҳояш аз Тоҷикистон берун рафта буд, бинобар ин иваз шудани ҷазои ӯ аз ҷониби додгоҳ дуруст нест,” – мегӯяд вакили дифои ӯ Бахтиёр Насруллоев.

Баъди табобат Хайрулло Мирсаидов рӯзи 12-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, феълан дар яке аз шаҳрҳои аврупоӣ қарор дорад.

Ӯ афзуд, ки ҳукми додгоҳи Хуҷанд яктарафа аст ва то замони пурра сафед шуданаш дар Аврупо хоҳад монд. Ӯ гуфт, агар ҳоло ба Тоҷикистон баргардад, ба ҳабс гирифта мешавад.

Таъқиби ҷиноии журналисти мунаққиди ҳукумат Хайрулло Мирсаидовро созмонҳои ҳомии ҳуқуқ маҳкум карда, намунаи аз саркӯби озодии баён ва садои интиқодӣ арзёбӣ карданд.

Гузоришҳои видеоӣ

Тарбуз арзон шуд. Сокинон розӣ, деҳқонон - норозӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00
XS
SM
MD
LG