Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфт, аз фаъолият мондани нашрияи мустақили «Озодагон» ба сабаби мушкили молӣ буд ва ҷанбаи сиёсӣ надорад. Баёнияе, ки сабаби танқиди вазорат барои беэътиноӣ ба озодии сухан ва гуногунандешӣ дар ҳамин нишаст шуд.
Ҳафтаномаи “Озодагон”, ки дар байни нашрияҳо ҷойгоҳи хос дошт ва масоили доғи ҷомеаро инъикос мекард, баъди 12 соли фаъолият моҳи январи имсол аз чоп монд.
Давлат Сафар, сардори раёсати табъу нашри вазорат, рӯзи 8-уми феврал дар ҳузури хабарнигорон дар Душанбе гуфт, нашрия барои напардохтани ҳаққи чоп аз нашриёт қарздор буд ва ҳамин мушкили молӣ боиси қатъи фаъолияташ шуд. Давлат Сафар гуфт, ба сабаби напардохтани 58 ҳазор сомонӣ нашриёти «Аниса 95» ҳамкорӣ бо «Озодагон»- ро қатъ кардааст.
Тафаккури бозаргонӣ аст
«Ин тафаккури бозаргонӣ аст ва метавонанд ҳарду соҳибкор ҳам ба мувофиқа расанд ва касе ба онҳо монеа намешавад. Марҳамат, метавонанд, нашри ҳафтаномаро идома диҳанд», - гуфт ӯ.
Чунин изҳори назари мақомоти фарҳанги Тоҷикистон дар нишаст сабаби интиқоди намояндагони вазорат шуд. Журналистон онҳоро накуҳиш карданд, ки ба вазъи мушкили молӣ ва қатъи фаъолияти нашрияву ҳафтаномаҳо чашм мепӯшад. Хабарнигорон хостанд, вазорат барои расонаҳои хусусӣ ҳам «такягоҳ» бошад ва нашрияҳоро ба худиву бегона ҷудо накунад.
Суҳроби Зиё, хабарнигори бахши форсии ББС дар ҳузури вазири фарҳанг гуфт: «Агар вазъ ҳамин тавр идома кунад, нашрияҳое, ки тавонанд, воқеъбинона ҳодисаро ба чолиш бикашанд, намемонанд ва мо дигар чунин минбар нахоҳем дошт.»
Дар симои "Озодагон" душманро медиданд
Зафари Сӯфӣ, хабарнигор ва муассиси «Озодагон», ки ҳоло дар хориҷи кишвар аст, сабабҳои аз нашр мондани ҳафтаномаро чанде пеш дар мусоҳибае бо Радиои Озодӣ шарҳ дод. Ӯ гуфт, на омилҳои бозаргонӣ, балки амалҳои мақомот сабаби аз чоп мондани ҳафтанома шуд.
«Бархӯрд ба расонаи мустақил дар кишвар, мисли бархӯрд бо душман буд. Аз соли 2007, вақте аввалин шумораи “Озодагон” нашр шуд, тамоми талошамонро кардем, ки мустақил бошад, аммо аз соли 2010 расона ба унвони як “душман” шинохта шуд. Бархӯрдҳои бадхоҳонае, ки нисбати “Озодагон” вуҷуд дошт, барои фаъолияти тиҷҷорӣ роҳро баст. Ҳар ҷое барои гирифтани паёми бозаргонӣ мерафтем, мегуфтанд, ки “моро аз ҳамкорӣ бо шумо манъ кардаанд”- гуфт у.
Журналистони тоҷик мегӯянд, дуруст аст, ки аксари расонаҳо ба мушкили молӣ ва камбуди хабарнигорони ҳирфаӣ рӯ ба рӯ ҳастанд ва бо он ҳоле ки доранд, талаботи хонандаро қонеъ намекунад.
Аммо ба гуфтаи Одили Нозир, хабарнигори ҳафтаномаи «Тоҷикистон», новобаста аз рақобати бозаргонӣ барои ҳар кишвар манобеи гуногуни хабар муҳиманд.
Вай афзуд: "Мушоҳида мешавад, ки дар аксар масъалаҳои бисёр муҳиму нозуки манфиатҳои миллӣ маҳз расонаҳои хусусӣ бештар ҳимоя мекунанд ва таъсири онҳо ҳам нисбат ба расонаҳои давлатӣ ба ҷомеа зиёд аст. Чун аксари нашрияҳои давлатӣ танҳо ба тариқи обуна дастрас мешаванд, баъди се ҳафта ба дасти хонанда мерасад."
Аммо вазири фарҳанг дар посух ба ин пешниҳод ва даъватҳои хабарнигорон гуфт, дар ҳеҷ кишвари дунё давлат барои расонаҳои хусусӣ маблағ ҷудо намекунад, вале ҳангоми муроҷиати расмӣ барои имтиёзе кумак хоҳанд кард.
Агар ҳукумат хоҳад, роҳи кумак ҳаст
Хабарнигорони расонаҳои мустақил мегӯянд, мушкил шудани дастрасӣ ба маълумот, бахусус, иттилои расмӣ боиси поин рафтани сифати гузоришҳо ва коҳиши теъдоди нашри рӯзномаву ҳафтаномаҳо шудааст. Дар се соли ахир панҷ расонаи хусусӣ дар Тоҷикистон, бо далелҳои мухталиф, аз ҷумла моливу сиёсӣ баста шуданд.
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон, рузи 8-уми феврал дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, агар ҳукумати Тоҷикистон дар баробари расонаҳои давлатӣ хоҳиши нигоҳ доштани сарчашмаҳои иттиллотии алтернативиро дошта бошад, роҳҳои гуногуни кумак вуҷуд дорад.
«Вазорати фарҳанг ҳамчун як мақоми давлатии салоҳиятдор дар соҳаи матбуот пешниҳоде ба ҳукумат дошта бошад ва ин барномаҳо бояд дар сатҳи ҳукумат роҳандозӣ шавад. Ҳукумати Тоҷикистон метавонад барномаи кумак ба нашрияҳо дошта бошад ва ин аз меъёрҳои қонун дар бораи матбуоти даврӣ аст», - гуфт ӯ.
Вазъи бади озодии баён бадтар мешавад
Аз нашр бозмондани нашрияҳои хусусӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки хулосаи як таҳқиқи Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳи Бритониё дар соли 2018 нишон додааст расонаҳо дар чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, мақоми рамзии ҳукумати чаҳорумро аз даст медиҳанд.
Айни замон дар Тоҷикистон беш аз 370 нашрияи давлативу хусусӣ ва 11 хабаргузорӣ кор мекунад. Аммо бисёре аз онҳо аз интиқоди ошкори камбудиҳои ҷомеа истиҳола мекунанд ва ба тарғиби «дастовардҳо»-и ҳукумат машғуланд.
Бо назардошти ин ҳама созмони Гузоришгарони бидуни марз имсол Тоҷикистонро дар шохиси байналмилалии озодии баён дар байни 180 кишвар дар мақоми поёни 149-ум гузоштааст.
Худованд чояшро чаннат кунад,cитораи дурахшони балетаи точик Малика Собирова,ман фахр мекунам, ки Маликаи точики мо дар замони Шурави сахнаи тчоикро ба фазои баланд ,бардоштааст.Парвардигоро гураш пурнур бошад,гузаштанашро аз Пули Сирот осон гардонад.Рухат шод бод Маликаи зебои точик,хонаи охиратат обод бод.
Набирают опыт. Чтобы Кыргызстан боялся
Бузургони ахли санати сатхи чахони, точикони сатхи Ибн Сино ва Мавлоно Руми дар сохаи худ. Рухашон шод бошад.
Ягона рохи кумак ба мардуми точикистон ин тарнимхоро нисбат ба рахмон ва оилааш ва тими ятимов ва рахимов мебошад. The only way to support the the human rights issues in Tajikistan is that the US along with others international community have to impose sanctions against rahmon and his family and the team of Yatimov and Rahimov. Otherwise its just words, we need actions
Агар бо мардум бо роххои конуни ва осоишта муомила НАКАРДЕД?!ба муборизахои ЧИРИКИ нисбататон аз чониби мардум ОМОДА бошед!!!Таьрих СОБИТ кардааст муборизаи ЧИРИКИ(партизани)ба маротиб ба чониби мукобил ГАРОНТАР аз муборизахои РУИРОСТ меафтад!!!Чирикихои солхои1941-1945ин гуфтахои манро ИСБОТ кардаанд ин тахдид НЕСТ ин ХУШДОРИ бародарона аст.