Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба донишҷӯёни туркман "ҷинс", риш ва рафтан ба масҷид манъ шуд


Ба донишҷӯёни туркман дар Беларус пӯшидани "ҷинс", доштани риш ва рафтан ба масҷид манъ карда шудааст. Дар ин бора баъзе аз донишҷӯёни туркман дар Беларус хабар доданд.

Ба қавли яке аз ҳамсуҳбатони бахши туркмании Радиои Озодӣ, чунин талабот дар мулоқоти охири сафири Туркманистон бо донишҷӯён садо додааст.

"Сафир талаб кард, ки камтар ба клубу тарабхонаҳо равем. Духтаронро аз пӯшидани шими "ҷинс" ва домани кӯтоҳ манъ кард. Ба ҷавонон гуфт, ки риш нагузоранд ва ришдоронро ба террористҳо монанд кард. Гуфт, маъмурони амниятӣ пайгирӣ мекунанд, ки кадоме аз донишҷӯён ба масҷид мераванд", - нақл кард мусоҳиби бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Ба қавли ӯ, мулоқот бо сафир моҳи феврали имсол баргузор шудааст.

Ба бахши туркмании Радиои Озодӣ муяссар нашуд, ки дар ин маврид шарҳи сафорати Туркманистон дар Беларусро бигирад.

Мулоқоти дипломатҳои туркман бо донишҷӯён дар хориҷа сари чанд вақт баргузор мешавад. Чунин мулоқот чанде пештар дар Туркия баргузор шуда буд.

XS
SM
MD
LG