Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп тафтишоти Мюллерро талоши табаддулоти давлатӣ номид


Президенти ИМА Доналд Трамп тафтиши дахолати эҳтимолии Русияро ба интихоботи президентии Амрико "кӯшиши табаддулоти давлатӣ"-е номид, ки гӯиё мехостанд, ба воситаи барканории ӯ анҷом диҳанд. Дар ин бора вай пеш аз сафараш ба Техас изҳори назар кард.

Трамп гуфт, гузориши додситони махсуси ИМА Роберт Мюллерро, ки тафтишотро раҳбарӣ мекард, нахондааст. "Гузориши ӯ барои ман аҳамият надорад. Ман пурра сафед шудам", - изҳор дошт вай.

Тафтишоти беш аз дусолаи Роберт Мюллер муайян кард, ки Русия бо паҳни иттилои дурӯғ ва ҳамлаҳои ҳакерӣ ба интихоботи президентии ИМА дахолат кардааст. Ҳамзамон далеле пайдо нашуд, ки созиши Трамп ё тими ӯро бо Русия дар давраи интихобот исбот кунад. Вале бо вуҷуд Мюллер аз бегуноҳ эълом кардани Трамп худдорӣ карда, ин корро ба додситони кулли ИМА Уилям Барр вогузошт. Барр дар навбати худ тасмим гирифт, ки Трамп ба ҷавобгарӣ кашида нашавад.

Додситони кулли ИМА ваъда дод, ки ҳафтаи равон гузориши Мюллерро ба қонунгузорҳои амрикоӣ пешниҳод мекунад, вале дархости демократҳоро барои пурра расонаӣ кардани он рад кард.

XS
SM
MD
LG