Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши Мюллер дар бораи Доналд ва Русия. Вокунишҳо аз Тоҷикистон. ВИДЕО


Роберт Мюллер, муфаттиши вижаи парвандаи мудохилаи Русия дар интихоботи президентии Амрико ба ин натиҷа расидааст, ки президенти ИМА дар даврони рақобатҳо бо Русия "ҳеҷ тавофуқе надошт".

Додситони кулли Амрико рӯзи якшанбе "нуктаҳои асосии" таҳқиқоти Роберт Мюллер, прокурори вижаро дар мавриди дахолати эҳтимолии Русия дар интихоботи президентии соли 2016 ба Конгресс фиристод.

Виллиам Бар дар номаи худ гуфтааст, таҳқиқот Доналд Трампро табраа ё "сафед" карда ва ба ин натиҷа расидааст, ки ӯ муртакиби ҷурме нашудааст.

Бар асоси номаи додситони кулли Амрико, далелҳои ҷамъовардаи Роберт Мюллер барои собит кардани онки Трамп дар барқарории адолат монеагузорӣ кардааст, низ "кофӣ нест".

Таҳқиқоти Роберт Мюллер тақрибан ду сол идома кард. Ӯ таҳқиқ кард, ки оё Русия дар интихоботи президентии соли 2016 дар Амрико дахолат дошт ё не. Ва оё дастёрони Трамп ва мақомҳои Русия тамос барқарор карда буданд ё не.

Прокурори вижа дар ин парванда ҳамчунин ба дунболи он буд, ки оё раиси ҷумҳури Амрико ғайриқонунӣ талош карда буд, то монеи барқарории адолат бишавад?

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 24-уми март дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, "...бо Русия ҳеч созиш вуҷуд надошт. Ҳеч гуна монеагузорӣ набуд. Ин комилан табраа аст. Шармовар аст, ки кишвари мо инро аз сар гузаронд. Рости гап, шармовар аст, ки президенти Шумо инро аз сар гузаронд. Ҳамаи ин пеш аз онки ман интихоб бишавам, оғоз ёфта буд. Ва ғайриқонунӣ оғоз шуда буд."

Вокунишҳо ба гузориши Мюллер дар бораи Доналд Трамп
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

Гузориши деринтизори Роберт Мюллер рӯзи 22-юми март ба додситони кулли Амрико супурда шуд. Интишори гузориши мухтасар дар бораи таҳқиқот дар ҳолест, ки бисёре аз вакилони Конгресс хостори интишори пурраи таҳқиқот ҳастанд.

Мюллер дар ҷараёни таҳқиқоти худ чандин шахси воқеӣ ва ҳуқуқиро бо иттиҳомҳои гуногун таҳти таъқиб қарор дод. Бо ин ҳол, то ба имрӯз ҳеч иттиҳоме, ки далел ба ҳамкории байни дастёрони Трамп ва мақомоти Русия бошад, ба таври мустақим матраҳ нашудааст.

Расонаҳои Амрико ба нақл аз манобеи Вазорати адлия гузориш додаанд, ки интизор намеравад бар асоси таҳқиқоти Мюллер афроди дигаре таҳти таъқиб қарор гиранд. Бо ин ҳол, додгоҳҳо метавонанд баъзе парвандаҳоро дар бораи мавзуъҳои ҷудогона аз таҳқиқоти Мюллер гирифта, боз кунанд.

"Акнун Трамп ҳам ба ҳуҷум мегузарад"

Сайфулло Сафаров, сиёсатшиноси тоҷик, ки қазияи Трампро аз матбуот пайгирӣ кардааст, мегӯяд, шубҳае надошт, ки президенти ИМА метавонад дар муомилаҳои пасипардаӣ бо Русия даст дошта бошад. Рӯзи 25 март Сафаров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

“Трамп инъикоси тамоми зиддиятҳои дар Амрико буда мебошад. Ин шахсест, ки ба сиёсатҳои дохиливу хориҷии Амрико навигариҳои зиёде ворид мекунад. Ин мард на бо Русия ва на бо давлатҳои дигар аз нуқтаи назари он ки гӯё онҳо ба интихоботи Амрико таъсир дошта бошанд, алоқамандӣ надорад”. Сафаров гуфт, мӯътақид аст, ки “Русия ҳеҷ имкони таъсиргузорӣ ба интихоботи Амрико надорад”, дар ҳоле, ки ба гуфтаи сиёсатшиноси тоҷик, ингуна ҳарфҳо ба манфиати Русия мебошанд.

Ба бовари Сафаров, “Трамп зидди Амрико ва ҳамчунон тарафдори Русия ҳам нест” ва “ӯ як соҳибкор аст, ки аз назари манфиати миллату давлати худаш” амал мекунад.

Парвиз Муллоҷонов, профессори тоҷики коллеҷи Виттмани аёлати Вашингтон (Сиэттл, ИМА) мегӯяд, хулосаҳои гузориши Мюллер на танҳо дар барномаҳои Трамп, балки дар таҳаввулоти баъдии сиёсии ИМА таъсири дарозмуддат хоҳад дошт. “Аз аввал ин гузориш мисли шамшер дар сари Трамп овезон буд”. Ба гуфтаи сиёсатшинос, умеди мухолифони Трамп – демократҳо ин буд, ки гузориш ҳамчун асос барои шурӯи ҷараёни импичмент ё адами эътимод ба кор бурда шавад. Ба гуфтаи ӯ, бешубҳа “дахолати ҷониби Русия ба интихоботи Амрико вуҷуд дошт, хеле кӯшиш карданд, талош карданд, лекин ҳеҷ исботе наёфтанд, ки миёни Трамп ва ҳукумати Русия ягон созиши пешакӣ вуҷуд дошта бошад”.

Ба бовари Муллоҷонов, Трамп, ки акнун аз иттиҳомот раҳо шуд, барои амалӣ кардани нақшаҳояш ҳам дасту забони дароз дорад. “Барои Трамп ин гузориш на танҳо сабукӣ мебахшад, балки дар амалӣ карданди дигар нақшаҳояш акнун кӯмак мекунад. Ҳамакнун ӯ ҳам ба ҳуҷум мегузарад, чун дар Сенат ва Конгресс аз ҳисоби демократҳо мухолифи зиёд дорад”. Яке аз ин масъалаҳо – дарёфти иҷозаи Конгресс барои бунёди девор бо Мексикаи ҳамсоя аст ва ҳамчунин, шанси дар интихоботи оянда иштирок кардани Трамп баъди ин афзоиш меёбад.

Роберт Мюллер гузориши деринтизорашро ба додситон супурд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:43 0:00

XS
SM
MD
LG