Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул аз Теҳрон дар пайванд ба тирандозӣ ба муҳоҷирони афғон тавзеҳ хост


Вазорати умури хориҷии Афғонистон аз Эрон хостааст, то дар пайванд ба ҳодисаи тирандозӣ ба сӯи муҳоҷирони афғон аз сӯи сарбозони эронӣ, рӯшанӣ андозад. Ҳукумати Афғонистон гуфтааст, ки як гурӯҳ аз муҳоҷирони афғон, ки шаби чаҳоршанбе дар роҳ ба сӯи Эрон буданд, аз сӯи сарбозони эронӣ тирборон шуданд.

Сибғатулло Аҳмадӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон рӯзи панҷшанбеи 4-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин муҳоҷирони афғон дар 20-километрии дохили хоки Эрон ба тирандозӣ аз сӯи сарбозони эронӣ рӯбарӯ шуданд, ки дар натиҷа ду тан кушта ва 18 тани дигар захмӣ шуданд. Вай афзуд, ки дар миёни захмиён занон низ ҳастанд.

Бисёре аз муҳоҷирони афғон аз табъиз ва бадрафторӣ бо онҳо шикоят мекунанд ва теъдоди зиёде ҳам аз Эрон ихроҷ мешаванд.

Вай афзуд, "ин ҳодиса дар минтақаи Саровони Эрон рух додааст. Вақте қочоқбарон шуморе аз шаҳрвандони Афғонистонро ба тарафи Эрон мебаранд, 20 километр аз марз гузашта буданд, ки мутаассифона тирандозӣ мешавад. Дар натиҷа 18 нафар захмӣ ва ду тан ҷон бохтанд. Як ҷонбохта шаҳрванди Эрон ва ронандаи мошин будааст ва дигарӣ шаҳрванди Афғонистон мебошад. Мо ин мавзуъро ҷиддӣ дунбол кардем ва хоҳони рӯшан сохтани масъала ҳастем".

Муҳоҷирони афғон дар Эрон.
Муҳоҷирони афғон дар Эрон.

Сибғатулло Аҳмадӣ гуфт, ки захмиён барои муолиҷа ба бемористонҳои Эрон интиқол дода шуданд. Пеш аз ин дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳое ба нашр расида буд, ки нишон медод, гуруҳи муҳоҷирон ба шумули занон дар дохили даҳлези як бемористон афтодаанд. Бахши эронии "Садои Амрико" низ гузориш додааст, ки 25 муҳоҷири афғон бар асари тирандозии маъмурони Сипоҳи посдорони Эрон дар минтақаи Саровон кушта ва захмӣ шудаанд.

Дар гузашта низ ҳадафи тирандозӣ қарор гирифтани муҳоҷирони афғон аз сӯи сарбозони эронӣ расонаӣ шуда буд. Чанде пеш наворе аз рафтори таҳқиромези як марзбони эронӣ бо муҳоҷирони афғон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расида буд, ки вокунишҳои зиёдро ба бор овард. Ҳамчунин дар моҳи сентябри соли 2017 ҳам ҳудуди 15 муҳоҷири афғон аз тири пулиси Эрон дар вилояти Форс кушта шуда буданд.

Баъди таҷовузи шӯравӣ дар соли 1979 ва даҳсолаҳои ҷанг дар Афғонистон, мардуми зиёде ба Эрон рафтанд. Дар солҳои гузашта ҳам садҳо ҳазор афғон барои кор ба Эрон омадаанд. Бисёре аз муҳоҷирони афғон аз табъиз ва бадрафторӣ бо онҳо шикоят мекунанд ва теъдоди зиёде ҳам аз Эрон ихроҷ мешаванд. Аммо мақомоти Эрон муҳоҷирони афғонро ба ҷиноятҳое назири марзшиканӣ ва қочоқи маводи мухаддир, муттаҳам мекунанд.

Муҳоҷирони афғон дар Эрон.
Муҳоҷирони афғон дар Эрон.

Ҳукумати Эрон солҳои гузашта муқарраротеро барои бозгаштани атбои афғон ба кишварашон тасвиб карда буд. Дар бархе аз вилоятҳои Эрон, аз ҷумла Форс, Исфаҳон, Бушаҳр, Хуросони ҷанубӣ, Хуросони разавӣ, Хузистон, Самнон, Қазвин, Кирмон, Гулистон ва Язд иқомати афғонҳо мамнӯъ эълон шудааст. Тасвиби ин қавонин мавзӯи баҳсҳои доманадоре дар ҷомеаи маданӣ дар Эрон буд ва дар солҳои гузашта эътирозҳои зиёдеро дар пай дошт.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ҳам дар гузашта Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломиро ба он муттаҳам кардааст, ки ҳазорон нафар аз афғонҳои бесанадро барои ҷанг ба Сурия фиристодааст. Эрон дар ин ҷанг ба ҳукумати раиси ҷумҳур Башшор Асад кумак мекунад. Аммо мақомоти Эрон дар гузашта гуфта буданд, ки афрод бо ихтиёри худ барои дифоъ аз "ҷойҳои муқаддас", ба Сурия рафтаанд.

XS
SM
MD
LG