Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро нархи таҳсил баланд аст? Посухи Донишгоҳи тиббӣ. ВИДЕО


Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон

Нархи таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар як соли гузашта беш аз 400 сомонӣ, муодили чиҳил доллари амрикоӣ, боло рафтааст.

Дар ҳоли ҳозир нархи яксолаи таҳсил дар ин донишгоҳ беш аз 9100 сомонӣ ё 900 доллари амрикоист.

Донишгоҳи давлатии тиббӣ яке аз мактабҳои олии бонуфуз ва "сермуштарӣ"-и Тоҷикистон аст. Дар гузашта бисёриҳо аз нархи баланди таҳсил дар он шикоят карда буданд, ки барои қишри миёнҳоли кишвар дастнорас аст.

Шаст дар сади донишҷӯён дар ин муассиса тариқи шартнома ё пулакӣ мехонанд.

Мақомоти Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон рӯзи 26-уми март дар номаи расмӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, болоравии қимати таҳсил дар як соли гузашта ба "афзоиши нархҳо ва раванди беқурбшавии пул дар кишвар" вобаста аст. Ин нома посух ба Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон аст, ки ду ҳафта пеш харҷи таҳсил дар аксар донишгоҳҳои олии кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи тиббиро "баланд" арзёбӣ карда буд.

Масъулони хадамот дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, ҳар муассисае, ки ба рӯйхати "донишгоҳҳои гароннарх" ворид шудааст, бояд собит кунад, чаро чунин нарх дорад ва оё шароиту сифати таълим ба талабот ҷавобгӯст? Дар акси ҳол, ба гуфтаи масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ, нархномаҳо бозбинӣ хоҳанд шуд.

Мақомоти Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар вокуниш ба ин матлаби Радиои Озодӣ, ки ду ҳафта пеш нашр шудааст, гуфтанд, "нархи таҳсил баланд нест".

Гузориши видеоӣ. Нархи таҳсил: Гарон ё арзон?

Нархи таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон: Арзон ё гарон?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00

"Дар тамоми ҷаҳон нархи омӯзиши тиб нисбат ба ихтисоси дигар гаронтар аст. Аммо нархи омӯзиши тиб дар Тоҷикистон нисбат ба давлатҳои минтақа ва ҷаҳон дастрас мебошад", - омадааст дар номаи мақомоти Донишгоҳи тиббӣ.

Онҳо гуфтаанд, нархи таҳсил аз тарафи коршиносону иқтисоддонҳо ва ниҳодҳои давлатӣ таҳия шуда, дар он "талаботи ҷомеа ва сатҳи иҷтимоии аҳолӣ" низ ба эътибор гирифта мешавад.

Дар гузориши ду ҳафта пеши Радиои Озодӣ яке аз донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ бо номи мустаори "Файзалӣ" иддао карда буд, ки ба далели гарон будани нархи таҳсил натавонист имсол пули шартномаро супорад ва аз таҳсил маҳрум шуд. Ин ҳамсуҳбати мо ба хотири халал нарасидан ба кору зиндагиаш бо номи мустаор гуфта буд, ҳоло дар як ширкати сохтмонӣ дар Душанбе кор мекунад.

Масъулони Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар нома ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, "чунин донишҷӯ надоштанд". "То ин вақт ягон донишҷӯ бо сабаби напардохтани маблағи таҳсил аз донишгоҳ хориҷ карда нашудааст. Ба донишҷӯёне, ки тариқи шартнома мехонанд, ҳақ дода шудааст, марҳила ба марҳила ва қисман маблағи таҳсилро супоранд", - гуфтаанд онҳо.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти донишгоҳ гуфтаанд, даҳҳо ҷавон аз минтақаҳои дуру наздик дар бахши будҷавӣ таҳсил доранд ва интихоби худи онҳост, ки бо пули давлат бихонанд ё бо пули волидон. Онҳо мегӯянд, бештар донишҷӯёне, ки бахши будҷавиро интихоб мекунанд, дониши кофӣ ва ба худ бовар доранд.

Дар чиҳил мактаби олӣ ва касбии Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор донишҷӯ таҳсил доранд. Нархи таҳсил дар донишгоҳҳо тақрибан ҳар сол ва ба андозаи беш аз 10 дар сад боло бурда мешавад.

Ин дар ҳолест, ки ноқаноатмандии мутобиқати арзиши таҳсил бо сифати он ҳамеша вуҷуд дорад. Интиқод аз сатҳи дониши муҳассисони мактабҳои олӣ дар солҳои охир бисёр садо медиҳад.

Тафсилоти бештари ин мавзӯъро дар матлаби зер бихонад:

XS
SM
MD
LG