Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даври дувуми музокироти Тоҷикистону Қирғизистон дар марз


Музокироти намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон. Акс аз вебсайти Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон
Музокироти намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон. Акс аз вебсайти Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон

Даври дувуми музокироти намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли муноқишаҳои марзӣ рӯзи 16-уми март идома кард.

Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон гуфт, музокирот дар ҳудуди ин кишвар ва дар минтақае бо номи “Дача” ҷараён дорад. Ҳайати Тоҷикистонро муовини нахуствазир Азим Иброҳим ва ҳайати Қирғизистонро муовини сарвазири он кишвар Ҷениш Раззоқов раҳбарӣ мекунанд.

Музокирот рӯзи 14-уми март ва пас аз муноқишаи маргбор миёни сокинони Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон оғоз ёфта буд. Дар ин муноқиша 2 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва беш аз бист нафар, аз ҷумла се сокини Қирғизистон захмӣ шуданд.

Муноқиша дар пайи сохтмони роҳи Оқсой-Тамдиқ шуруъ шуд. Роҳро Қирғизистон месозад. Ҷониби Тоҷикистон бо он розӣ нест.

Бо гузашти ду рӯз мақомоти Тоҷикистон ҷузъиёти музокиротро ошкор накардаанд. Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон рӯзи 15-уми март натиҷаҳои аввали музкоиротро эълон кард ва гуфт, дар навбати аввал гумонбарони ташкили низоъ пайдо ва ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Инчунин, маъмурони пулиси ду кишвар дар марз навбатдории шабона ташкил мекунанд.

Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон рӯзи шанбе вазъият дар марзи ду кишварро “муътадил” арзёбӣ кард ва гуфт, “таҷаммӯи сокинон мушоҳида нашудааст”.

XS
SM
MD
LG