Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Вашингтон хостори тағйири режим дар Эрон шуданд. АКС


Садҳо эътирозгар рӯзи 8-уми март дар Вашингтон ҳукумати Эронро ба “ҷиноят алайҳи мардум” айбдор карда, хостори тағйири низом ё режим дар ин кишвар шуданд.

Норозиён парчами Эрон ва тасвири Марям Раҷавӣ, раиси Шӯрои миллии муқовиматро ба даст доштанд. Фаъолияти Шӯрои муқовимат дар Эрон манъ аст.

Маъмурияти Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, алайҳи Теҳрон чораҳои ҷиддиро ба нақша гирифтааст.

Кохи Сафед ин кишварро ба сармоягузории терроризм дар Ховари Миёна ва талош барои ба даст овардани силоҳи атомии мухолиф ба қатъномаи Созмони Милал муттаҳам мекунанд.

Эрон ҳамвора ин иттиҳотмро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG