Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмадалӣ Ватанзода котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон шуд. ВИДЕО


Маҳмадалӣ Ватанзода, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи душанбеи 4-уми март шуморе аз мақомҳои собиқадори ҳукуматро ба "нафақа" фиристод. ​Бо фармонҳои раиси ҷумҳур, генерал Абдураҳим Қаҳҳоров, котиби Шӯрои амният ва Шералӣ Хайруллоев, ёвари президент оид ба масъалаҳои амниятӣ миллӣ, аз мақомҳояшон барканор шуданд.

Чеҳраи дигари собиқадори ҳукумати Тоҷикистон Матлубхон Давлатзода, ки дар гузашта муовини сарвазир ва ахиран мудири котиботи президент буд, низ ба сабаби ба нафақа баромадан, аз мақомаш озод шудааст.

Шӯрои амният ба масоили амнияти давлат ва фаъолияти сохторҳое, ки дар ин бахш машғул ҳастанд, назорат мебарад ва дар ин робита ба президент гузориш медиҳад.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 4-уми март гуфт, президент Маҳмадалӣ Ватанзодаро ба ҷои Абдураҳим Қаҳҳоров дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон таъйин кард. Абдураҳим Қаҳҳоров дар моҳи январи соли 2012 ба курсии дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон нишаста буд. Ӯ то он замон вазири умури дохилии Тоҷикистон буд.

Вале то ҳанӯз маълум нест, ки ба ҷои Шералӣ Хайруллоев кӣ ёрдамчии раиси ҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амниятӣ миллӣ мешавад. Шералӣ Хайруллоев, яке аз шахсиятҳои собиқадор ва генералҳои артиши Тоҷикистон, 18 сол вазири дифои Тоҷикистон буд ва дар авохири соли 2013 аз ин мақом барканор ва ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ таъйин шуда буд.

Абдураҳим Қаҳҳоров.
Абдураҳим Қаҳҳоров.

Аммо Маҳмадалӣ Ватанзода, ки ба ҷои Абдураҳим Қаҳҳоров котиби Шӯрои амният таъйин шуд, то ин замон дар мақоми ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар порлумон, кор мекард. Ӯ қаблан ду дафъа вакили порлумон ва то он замон муовини аввали раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон буд.

Дар мақоми ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ба ҷои Маҳмадалӣ Ватанзода ҳоло Зариф Ализода таъйин шудааст, ки то ин замон Ваколатдори ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон буд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳуқуқшинос Умед Бобозода дар мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи башар ҷойгузини Зариф Ализода шудааст.

Шӯрои амният дар низоми давлатдории Тоҷикистон ниҳоде аст, ки ҳамоҳангкунандаи фаъолиятҳои ниҳодҳои қудратӣ дар Тоҷикистон мебошад ва дар раъси он худи президент Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Котиби Шӯрои амният дар ин ниҳод шахси калидӣ ба шумор меравад.

Генерал Амирқул Азимов, ки дар гузашта дар мақоми котиби Шӯрои амният кор кардааст, мегӯяд, ин ниҳод дар сохтории давлатдории Тоҷикистон аллакай мавқеи худро ёфтааст. Ба гуфтаи оқои Азимов, Шӯрои амният ба масоили амнияти давлат ва фаъолияти сохторҳое, ки дар ин бахш машғул ҳастанд, назорат мебарад ва дар ин робита ба президент гузориш медиҳад.

Амирқул Азимов афзуд, ки тағйироти кадрии ахир дар ин сохтор ба вазъ дар Афғонистон ҳеҷ рабт надорад ва ба гуфтаи ӯ, барканории Абдураҳим Қаҳҳоров бинобар бознишастагӣ сурат гирифт. Оқои Азимов аз котиби нави Шӯрои амният Маҳмадалӣ Ватанзода ба унвони фарди қонундон ном бурд, ки дар чанд соли ахир дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ фаъолият кардааст ва таҷрибаи кофӣ дорад ва ин масъулият идомаи фаъолияти ӯ барои таъмини қонунмандӣ дар кишвар мебошад.

Генерал Нуралишоҳ Назаров.
Генерал Нуралишоҳ Назаров.

Генерал Нуралишо Назаров, ки дар гузашта муовини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон буд, мегӯяд, Шӯрои амнияти Тоҷикистон як ниҳоди машваратӣ буда, танҳо ниҳоди маҳдуд ба амнияти дохили кишвар нест ва сиёсати кишварро аз нигоҳи амниятӣ дар роҳи ҳамкорӣ бо кишварҳои дигарро ҳам бар дӯш дорад ва ба фаъолияти ниҳодҳои қудратӣ сару кор дошта, оид ба масоили бехатарӣ машварат медиҳад.

Ӯ аз таъйин шудани Маҳмадалӣ Ватанзода ба мақоми котиби Шӯрои амниятро истиқбол кард ва гуфт, "вай ду давра дар порлумон дар Кумитаи қонунгузорӣ фаъолият дошт ва қаблан дар Додгоҳи олӣ яке аз шахсиятҳои масъул буд ва дар ин симат ҳам дар риштаи амнияту қонунмандӣ талош ба харҷ хоҳад дод".

Бо вуҷуди таъкид ба меъёрҳои ҳирфаӣ, бисёре аз коршиносон мегӯянд, ки меъёри асосии интихобро эътимоди президент ба шахс дар ин мақом, ташкил медиҳад. Вале ин ишора ҳам ҳаст, ки ба раисиҷумҳур низ дар чунин мақом шахсе зарур аст, ки дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон аз арҷу эҳтиром бархӯрдор бошад ва бо сиёсатмадории худ тавонад дар муносибатҳои байнулмилалӣ низ аз кишвар ба хубӣ намояндагӣ кунад.

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG