Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худкушии эҳтимолии корманди раёсати андози Хатлон


Як корманди Раёсати андози вилояти Хатлон худкушӣ кардааст.

Ҷасади Сайвалӣ Абдуллоеви 56-соларо субҳи 25-уми феврал аз банди доре дар манзили падараш дар шаҳри Кӯлоб ёфтанд. Ба қавли наздикон, ӯ ду рӯз пеш аз шаҳри Бохтар ба Кӯлоб барои дидори пайвандон рафта буд. Аз рӯи ин ҳодиса Додситони шаҳри Кӯлоб таҳқиқро оғоз кардааст.

Як манбаъ дар мақомоти интизомии Кӯлоб рӯзи 25-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, “ин мард чанд сол боз дар Кумитаи андоз ва раёсатҳои он дар шаҳру навоҳӣ кор мекард. Ҳоло тафтишот дар баробари дурустии фарзияи худкушии Абдуллоев, бояд сабабҳои сар задани ҳодисаро ҳам бисанҷанд."

Хешовандони Абдуллоев нахостанд дар бораи ҳодиса изҳори назар кунанд. Феълан маълум нест, то куҷо ҳодиса ба фаъолиятҳои касбии Сайвалӣ Абдуллоев дар идораи андоз рабт дорад.

Ба иттилои ҳамкорон, Сайвалӣ Абдуллоев ду ҳафта қабл аз Кумитаи андози ҷумҳурӣ ба Раёсати андози вилояти Хатлон ба кор рафт ва иҷрои вазифаҳояшро дар ин идора тоза оғоз карда буд.

Як корманди раёсати андози вилояти Хатлон дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт: "Рӯзи ҷамъа бо мо буд ва то рӯзи душанбе худоҳофизӣ карда ба Кӯлоб рафт. Вале саҳар хабар доданд, ки Сайвалӣ даст ба худкушӣ задааст. Ростӣ, мо ҳама ҳайронем, чун бисёр одами кордон ва мутахассиси хуб буд."

Бори аввал нест, ки кормандони мақомот дар шаҳри Кӯлоб даст ба худкушӣ мезананд. Як сол қабл дар ҳамин шабу рӯз Азизмад Юсупов, сардори идора ё ситоди ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Кӯлобро аз банди дор дар таҳхонаи манзили иҷорааш пайдо карда буданд.

Баъди таҳқиқ ва хулосаи Маркази ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ дақиқ карда шуда буд, ки ӯ даст ба худкушӣ задааст. Аммо пайвандони Азизмад Юсупов бовар надоштанд, ки ӯ худкушӣ кардааст. Пас аз ин ҳодиса хонаводаи Юсупов тақозо карда буданд, фавти писарашон ҷиддӣ таҳқиқ шавад ва ба Додситони кул шикоят бурданд.

XS
SM
MD
LG