Раҳматулло Фузайлов, собиқ ҳимоятгари дастаи мунтахаби миллии футболиТоҷикистон, сармураббии дастаи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ таъйин гардид. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар додааст.
Раҳматулло Фузайлов дар ин вазифа Алиҷон Турдиназаровро иваз кардааст. Зимнан, “Кӯктош” таҳти раҳбарии сармураббӣ Турдиназаров соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ барандаи медалҳои биринҷӣ гардидааст. Алиҷон Турдиназаров аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2018 бо ҷоизаи Федератсияи футболи Тоҷикистон “Беҳтарин мураббии сол” сарфароз гардида буд.
Раҳматулло Фузайлов дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон аз соли 1997 то 2010 ҳамагӣ 18 бозӣ карда, ду гол задааст.
Раҳматулло Фузайлови 40-сола 19-уми феврал расман ба вазифаи нави худ дар бошгоҳи «Кӯктош» шуруъ кард. Даста рӯзи 20-уми феврал бо роҳбарии ӯ дар доираи марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо тими «Истиқлол»-и Душанбе, ки сармураббиаш бародари бузурги Раҳматулло - Ҳаким Фузайлов аст, рақобат кард. Бозӣ бо пирӯзии “Истиқлол” бо ҳисоби бузурги 6:2 хотима ёфт.
Раҳматулло Фузайлов 16-уми августи соли 1978 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ, ки аз оилаи маъруфи футболбозон Фузайловҳо мебошад, солҳои мухталиф ҳамчун ҳимоятгар дар дастаҳои “Ситора” (Душанбе), СКА “Помир” (Душанбе), “Динамо” (Душанбе), “Энергетик” (Душанбе), инчунин бошгоҳҳои Узбекистон - «Нефтчӣ» (Фарғона), «Бухоро» (Бухоро) ва «Самарқанд» (Самарқанд) - бозӣ кардааст.
Вай аз соли 2000-ум дар бошгоҳҳои русиягии «Шинник» (Ярославл), «Алания» (Владикавказ), «Лада» (Толятти), «Носта» (Новотроитск) ва «Звезда» (Иркутск) ҳунарнамоӣ намудааст.
Аз соли 2007 дар ҳайати бошгоҳҳои ССКА «Помир» (Душанбе), «Энергетик» (Душанбе), «Вахш» (Қӯрғонтеппа) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон ширкат варзидааст.
Фузайлов дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон аз соли 1997 то 2010 ҳамагӣ 18 бозӣ карда, ду гол задааст. Карйераи бозигариашро соли 2014 ба анҷом расонидааст.
Раҳматулло Фузайлов дар ССКА «Помир»-и Душанбе ба ҳайси сармураббӣ, дар «Барқчӣ»-и Ҳисор ҳамчун мураббии калон ифои вазифа намуда, инчунин ёвари сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) буд.
Мардуми Хучанд бехтарин зехният дорад. Агар Шумон гирди мо чам мешудед вазифаталаби намекардед имруз дар ба дару таги тег карор надоштед.
Шахид Мухамадбокир рухат шод бод. Худованд магфират кунад. Мард буд
Такими темпами, в ТЧ, скоро все святые и пророки померкнут по сравнения с нашим «солнцеликим пешво», гкнб всех заставит выступить по госканалам, и брать на себя даже убийство Кеннеди и Ленина одновременно
Бале, соли 2018 барои робитаҳо хуб шаванд, Боқирро ба Душанбе даъват кардан у нарафт, ғурури баландаш даъватро напазируфт. Ба ёдам ҳаст, дар як сӯҳбаташт гуфт: "Ин замин ба онҳо аз бобоҳояшон намондааст " Причем ин ҷо бобову бибӣ? Тоҷикистон давлати соҳибистиқлоле, ки марзҳояш муайян асту замини ҳамаи тоҷикистониҳост ! Ғурури баланд монеаи мувафақ шудани инсон мегардад. Мардро хоксорӣ ва сабр мезебад ва маҳз ҳамин сифатҳо ба баландиҳо мерасонанд
Захираҳои орду гандум низ «сирри давлатӣ» мешудаст, нав фахмидем. Бехтараш гуед, ки ин сири оилаи рахмонуф мебошад. Бе ичозати Шамсло ё Рахмонуф гап зада наметавонед.