Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷозеф Вотел гуфт, 1000 сарбоз Афғонистонро тарк мекунанд


Ҷозеф Вотел
Ҷозеф Вотел

Фармондеҳи қувваҳои Марказии Амрико дар Ховари Миёна мегӯяд, ки кишвараш шояд беш аз ҳазор сарбози худро аз Афғонистон хориҷ кунад. Генерал Ҷозеф Вотел - фармондеҳи баландрутбаи амрикоӣ рӯзи 15-уми феврал дар сӯҳбат бо хабаргузории “Ройтерз” гуфтааст, ки хуруҷи ин сарбозон ба талошҳои ҷорӣ барои сулҳ дар Афғонистон рабт надорад.

Ба гуфтаи ӯ, ин тасмим бар асоси пешниҳоди Скот Миллер, фармондеҳи НАТО ва Амрико дар Афғонистон гирифта шудааст. Скот Миллер моҳи сентябри соли 2018 фармондеҳии нерӯҳои НАТО ва Амрикоро дар Афғонистон ба уҳда гирифт.

Ба гуфтаи генерал Вотел, нақшаи коҳиши теъдоди сарбозон дар Афғонистонро Скот Миллер пас аз таъйин шуданаш ба ин мақом омӯхт ва пешниҳод кард. Генерали амрикоӣ дар бораи замони хуруҷи ҳазор сарбоз чизе нагуфт.

Амрико дар Афғонистон дар ҳоли ҳозир 14 ҳазор сарбоз дорад, ки дар амалиётҳо ба сарбозони Афғонистон кӯмак мекунанд ва низомиёни афғонро омӯзиш медиҳанд.

Дар Афғонистон бештар аз 30 сол аст ҷанг давом дорад. Гуруҳи Толибон аз мухолифони аслии ҳукумат аст. Феълан, аз ҷониби Амрико, Русия ва худи ҳукумати Афғонистон талош барои сулҳ бо ин гурӯҳ дар ҷараён аст.

XS
SM
MD
LG