Артиши Амрико хабар дод, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоӣ понздаҳ ҷангҷӯи гуруҳи “Аш-Шабоб” дар Сомалӣ кушта шудааст. Пентагон рӯзи 9-уми феврал дар як баёния гуфт, ин ҳамлаҳо аз тарафи нерӯи вижаи Амрико ба ҳимоят аз сарбозони ҳукумати Сомалӣ алайҳи ҷангҷӯёни “Аш-Шабоб” сурат гирифт. Фармондеҳии Амрико дар Африқо низ гуфт, “ҳамлаҳо рӯзи шашуми феврал сурат гирифт.” Дар идома гуфта шудааст, дар ҳамлаи аввал ёздаҳ тан ва дар ҳамлаи дувум чаҳор тан аз шӯришиён кушта шуданд. Дар аввали моҳи феврал низ дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои амрикоӣ сездаҳ шӯришии “Аш-Шабоб” кушта шуданд. Гуруҳи “Аш-Шабоб” вобаста ба шабакаи “Ал-Қоида” аст.