Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзшикане дар сарҳади Қирғизистону Қазоқистон ҳадафи тир қарор гирифт


Маҷмааи нави марзӣ дар сарҳади вилояти Уши Қирғизистон
Маҷмааи нави марзӣ дар сарҳади вилояти Уши Қирғизистон

Як марзшикан рӯзи 23 январ дар наздикии марзи байни Қирғизистону Қазоқистон ҳадафи тир қарор гирифт ва кушта шуд.

Дар ин бора Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон хабар медиҳад.

Дар минтақаи Жайилгани вилояти Талас се нафари ношинос 10-15 аспро ғайриқонунӣ аз марзи Қирғизистон ба Қазоқистон гузарониданд. "Марзбонон ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд ва талош карданд марзшиканҳоро боздошт кунанд. Онҳо муқовимат нишон доданд", - омадааст дар хабар.

Марзбонҳо аз силоҳи оташфишон кор гирифтанд ва дар натиҷа яке аз марзшиканон кушта шуд. Ду марзшикани дигар ба ҳудуди Қазоқистон паноҳ бурданд.

Мақомоти марзбонии Қирғизистон мегӯянд, ҷустуҷӯи ду марзшикани дигар идома дорад. Ҳуввияти ва шаҳрвандии онҳо эълон нашудааст.

XS
SM
MD
LG