Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳматилло Зоиров хабар дод, ки дилашро ҷарроҳӣ кард


Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дилашро ҷарроҳӣ кардааст.

Раҳматилло Зоиров дар ин бора рӯзи 12-уми январ дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук хабар дод. Ӯ гуфтааст, соли 2018 барояш бисёр сангин омад, чун 160 рӯзи онро бо маризӣ сипарӣ кард.

"Ду моҳи охири соли гузашта мисли Файзиннисо Воҳидова аз сармохӯрдагӣ ба "пневмания"-и дутарафа қадам гузоштам ва он ба дил таъсир кард. Дар ниҳоят барои наҷоти дил, қалбро ҷарроҳӣ карданд", - навиштааст ӯ.

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, бори аввал соли навро дар ҷойгаҳи беморӣ пешвоз гирифт. Зоиров аз марги Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи шинохта низ изҳори таассуф карда, ба дӯстону пайвандон изҳори таслият гуфтааст.

Раҳматилло Зоиров аз соли 1998, замони таъсиси Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон то кунун раёсати ҳизбро бар ӯҳда дорад. Ӯ пас аз хатми мактаб дар солҳои 1977-1979 дар Олмон дар ҳайати артиши Шӯравӣ хидмат карда, фориғуттаҳсили факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Харкови Украина мебошад.

Аз соли 1986 то 1993 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омӯзгор буд ва аз соли 1989 ба фаъолияти адвокатӣ машғул шудааст. Дар соли 1992 тарҳи алтернативии Қонуни асосии Тоҷикистонро таҳия ва пешниҳод карда буд. Аз соли 2001 то соли 2003 ба ҳайси мушовири аршади президенти Тоҷикистон низ кор кардааст.

XS
SM
MD
LG