Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон раиси ширкати "Зеромакс"-ро озод кард


Миродил Ҷалолов
Миродил Ҷалолов

Мақомоти Узбекистон Миродил Ҷалолов, мудири ширкати “Зеромакс”- ро баъди 7 соли боздошти бидуни муҳокима озод кардаанд. Ҳамсари ӯ Фотима Ҷалолова ба Радиои Озодӣ гуфт, шавҳарашро рӯзи 8-уми январ баъди муҳокимаи якрӯзаи додгоҳӣ аз боздоштгоҳи Тошканд раҳо карданд. Вай афзуд:

Имрӯз ӯро озод карданд, ҳамон лаҳза хона омад. Мо бисёр хурсандем. Тақрибан 8 сол дар зиндон буд. Ман барои озодии шавҳарам аз раҳбари кишвар Шавкат Мирзиёев бисёр сипосгузорам.

Ӯро ба тақаллуби молӣ ва аз худ кардани моликияти ғайр гунаҳкор донистаанд ва додгоҳ амр додааст, ки 2 ҳазор доллар ҷарима бипардозад.

Миродил Ҷалоловро соли 2010 боздошт карданд ва ширкаташро, ки дар Швейтсария сабти ном шуда буд, бастанд. Баъдан гуфта шуд, ки ширкатро Гулнора Каримова, духтари раиси ҷумҳури собиқи Узбекистон ба номи худ кардааст.

Ширкатро аввал дар Амрико дар соли 1999 таъсис додаанд ва бино ба гузоришҳо онро шарикони Ғафур Раҳимов, раиси Иттиҳодияи Байналмилалии Бокс таъсис додааст. Ин фардро вазорати молияи Амрико, “як ҷинояткори асосӣ” дар Узбекистон номида ва аз қочоқбарони асосии маводи мухаддир номидааст. Ширкати “Зеромакс” чанд сол бузургтарин кордиҳанда ва сармоягузор дар Узбекистон буд.

XS
SM
MD
LG