Мақомоти Афғонистону Покистон ва Чин рӯзи 15-уми декабр дар шаҳри Кобул ҷамъ омаданд, то тиҷорат, рушди иқтисодӣ ва масоили амниятиро баррасӣ кунанд.
Шоҳҳусайн Муртазавӣ, сухангӯи раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, вазирони умури хориҷии се кишвар сар аз масоили рушди иқтисодии минтақа то ба шеваҳои мубориза бо терроризмро баррасӣ мекунанд.
Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷии Покистон гуфт, “Покистону Чин муштоқи дидани сулҳ ва рушду равнақ дар Афғонистон ҳастанд. Ӯ қабл аз сафараш ба Кобул ба хабарнигорон гуфт, ки ба Кобул паёми сулҳ мебарад.
Амрикову Афғонистон мегӯянд, Покистон ба ҷангҷӯёни Толиб, ки ба зидди нерӯҳои афғон ва хориҷӣ меҷанганд, кӯмак мекунад. Покистон мегӯяд, ин иддаоҳо беасосанд.