Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони Узбекистон ба эътирозгарон ҳалли мушкилотро ваъда дод


Эътирози дӯкондорон дар Бухоро
Эътирози дӯкондорон дар Бухоро

Додситонии кулли Узбекистон рӯзи 12 декабр эътирози беш аз 100 соҳибкорро шарҳ дод. Соҳибкорон 10 декабр назди додситонии вилоятии Бухоро гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Додситонӣ мегӯяд, "парванда зери назорат аст" ва "мушкил ҳал хоҳад шуд".

Соҳибкорон, ки баъди тахриб шудани бозорашон дар маркази Бухоро дар соли гузашта на ҷубронпулӣ дарёфт карданд ва на дукон дар маркази нави тиҷоратӣ, рӯзи 10 декабр назди бинои додситонӣ бо нишони эътироз гирди ҳам омаданд.

Ба иттилои мақомот, ҳамаи соҳибкорон, ки дар бозори Дилкушо фаъолият мекарданд, моҳҳои апрел-майи 2017 дар маркази Бухоро ба онҳо қитъаи замин ҷудо шуда буд, аммо соҳибкорон нахостанд, онҷоро интихоб кунанд.

Додситонӣ мегӯяд, "123 соҳибкор, ки дар бозори Дилкушо кор мекарданд, 10 декабр аз сӯи ҳокими Бухоро, додситон ва сардори пулис пазируфта шуданд. Бо ҳар кадом соҳибкор дар алоҳидагӣ суҳбат шуд ва талаботашон дар ҳоли омӯзиш аст", - омадааст дар хабари мақомоти додситонӣ.

Соҳибкорон аз додситонӣ талаб доранд, ки қавли мақомот иҷро шавад. Ба соҳибкорон ваъда шуда буд, ки ба онҳо дар бинои нав, ки ба ҷои бозори тахрибшуда боз мешавад, ҷой хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG