Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сиёсатмадори фирории қирғиз Қодирҷон Ботиров дар Одесса даргузашт


Қодирҷон Ботиров
Қодирҷон Ботиров

Вакили пешини порлумони Қирғизистон Қодирҷон Ботиров, ки дар ватанаш ғоибона ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуда буд, дар сини 62- солагӣ дар вилояти Одессаи Украина даргузашт.

Наздикони Ботиров гуфтанд, ки ӯ шаби 3 ба 4 декабр, пас аз адои намоз хоб рафта, дигар бедор нашуд.

Қодирҷон Ботировро дар Қирғизистон ба ангехтани адовати миллӣ, даъват ба ҷудоихоҳӣ ва ташкили бетартибиҳо дар соли 2010 айбдор буд ва ғоибона ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуд. Соли 2011 бо қарори додгоҳ тамоми дороиҳои Ботиров -- 28 иншооти марбут ба ӯ ва ҳамсараш Каромат дар Қирғизистон мусодира ва давлатӣ шуд.

XS
SM
MD
LG