Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чор муҳоҷири тоҷик шаҳрванди "кишвари Кӯҳи Қоф" шуданд. ВИДЕО


Пулиси шаҳри Санкт-Петербург нафареро боздошт кардааст, ки худро консули кишвари аслан вуҷуднадоштаи "Ҷазираи озоди шоҳигарии ASPI" муаррифӣ карда, ба муҳоҷирони тоҷик шаҳодатномаи ронандагӣ ва шиносномаи ин "кишвар"-ро фурӯхтааст.

  • Дар идораи робита бо ҷомеаи пулиси шаҳри Санкт-Петербург рӯзи 4-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, айни замон нисбат ба Валерий Суханов бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Русия - "қаллобӣ" ва "сабти номи тақаллубии шаҳрванди хориҷӣ" парванда боз шуда ва тафтиш идома дорад.
Суханов ба корафтодагон шаҳодатномаи ронандагии "ҷазира - кишвараш"-ро ҳам фурӯхтааст. Аз макони зисти ӯ муфаттишон аксу ҳуҷҷатҳои 160 нафарро пайдо кардаанд.

Ба қавли пулиси шаҳри Санкт-Петербург, то ин замон 6 нафар аз фиребхӯрдагон – шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбекистон ва Покистон муайян шудаанд, ки бар ивази то 100 ҳазор рубли русӣ (тахминан 1500 доллар) шиносномаи ин "ҷазира – шоҳигарӣ"-и номаълумро аз Валерий Суханов харидаанд.

Дар саҳифаи шахсиаш дар шабакаи иҷтимоии “ВКонтакте”, Суханов макони таваллуди худро шаҳри Душанбе нишон дода, "ҷазира -кишвар"-и худро дар миёнаҳои Уқёнуси Атлантик нишон додааст.

Мардуми беватани байналмилалӣ?

Ҷазиракишвари хаёлии консули дурӯғин Валерий Суханов "ASPI" ваё ба гуфтааш "APATRID – STATELESS PIOPLE INTERNATIONAL" ном дорад, ки дар тарҷумаи тахминии ҷамъи калимаҳои иштибоҳии англисӣ ҳамчун “Апатрид – мардуми беватани байналмилалӣ" садо медиҳад.

Ба гуфтаи пулис, Валерий Суханов ҳангоми таҳияи шиносномаҳои кишвари вуҷуднадошта ба корафтодаҳо гуфтааст, ки бо ин шиноснома онҳо метавонанд "ба 200 кишвари дунё бидуни монеа сафар кунанд".

Видео дар инҷост:

Чаҳор муҳоҷири тоҷик шаҳрванди "кишвари Кӯҳи Қоф" шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Ваъдаи 25 ҳазор евроӣ барои тиҷорат

Нашрияи "Фонтанка", чопи Санкт-Петербург, навишт, Валерий Суханов ба онҳое, ки хоҳиши гирифтани шиносномаи ин "ҷазира - кишвари" хаёлиро доштанд, гуфтааст, агар 1 миллион нафар шиносномаҳои давлаташро бихаранд, кишвар метавонад заминҳои иловагӣ харида, қаламравашро тавсеа бахшад. Вай инчунин гуфтааст, ки ба ҳар шаҳрванд барои оғози кору тиҷорат 25 ҳазор евро кумак хоҳад кард.

Бар замми ин, ба навиштаи нашрия, Суханов ба корафтодагон шаҳодатномаи ронандагии "ҷазира - кишвараш"-ро ҳам бар ивази пул фурӯхтааст. Аз макони зисти Суханов муфаттишон аксу ҳуҷҷатҳои 160 нафарро пайдо кардаанд.​

Ҳолатҳои фиреб ва пулситонӣ аз муҳоҷирон, мисли ин ҳодиса, дар Русия кам нестанд. Фаррух Сатторов, устоди яке аз донишгоҳҳои Санкт- Петербург ва фаъоли ҷамъиятӣ мегӯяд, муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла тоҷикҳо дар бештари ҳолат бинобар донишҳои маҳдуди хеш ба доми фиребгарон меафтанд.

Фаррух Сатторов
Фаррух Сатторов

“Бисёре муҳоҷироне, ки меоянд, маълумоти кофӣ надоранд ва дағал ҳам шавад бояд гӯем, ки баъзеҳояшон бесаводанд. Ҳамин нуктаи заъфи муҳоҷиронро сӯиистифода карда, бисёр ширкатҳои қаллобӣ ва миёнаравҳои ҳиллагар пайдо шудаанд. Онҳо муҳоҷиронро фиреб медиҳанд”, - афзуд ӯ.

Сатторов мегӯяд, аксари муҳоҷирон вақте ба Русия меоянд, бисёр талош мекунанд, ки роҳе ёфта, дар ин ҷо муқим шаванд ва ё барои расидан ба зиндагии хуб ҳар гуна роҳу восита мекобанд.

Русия макони кори беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба шумор меравад. Баланд будани мизони бекориву зиёд фаъол набудани корхонаҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистон, бисёриҳоро водор мекунад, ки фарзандону мардони хонаводаро ба муҳоҷирати корӣ ба Русия фиристанд.

XS
SM
MD
LG