Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нурмуҳаммадзода таъсири коҳиши пули муҳоҷиронро эътироф кард. ВИДЕО


Ҷамшед Нурмуҳаммадзода як сол пеш аз хабарнигорон хоста буд, ки дар бораи муҳим будани пули муҳоҷирон таъкид накунанд
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода як сол пеш аз хабарнигорон хоста буд, ки дар бораи муҳим будани пули муҳоҷирон таъкид накунанд

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода – раиси Бонки Миллии Тоҷикистон – гуфт, ки интиқоли пули муҳоҷирони корӣ аз хориҷа ба кишвар кам шуда ва ин раванд ба сармоягузории бахшҳои дигар, аз ҷумла кори бонкҳо таъсир гузоштааст. Вай гуфт, чунин вазъ онҳоро водор мекунад, ки аз харҷҳои дувумдараҷа даст бикашанд.

Иқтисоди мо ба ҷуз аз пули муҳоҷирон чизи дигар надорад? Як хоҳиш дорам. Ҳамаамон мардуми ҳаминҷоем. Дигар “аксент”-ро болои муҳоҷирон надиҳед

Дар рӯ ба рӯ бо сенаторони тоҷик

​"Бо таъсири буҳрони молиявӣ ҷалби сармоя кам гардида, то андозае ба фаъолияти бонкҳо таъсири манфӣ расонд. Аз тарафи дигар, камшавии ҳаҷми интиқоли маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ ба мамлакат низ ба ин раванд бетаъсир намонд", - таъкид кард Нурмуҳаммадзода охири ҳафтаи гузашта дар нишасти Маҷлиси Миллӣ.

Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон ин ҳарфҳоро ҳангоми баҳс дар бораи рушди соҳибкории хурду миёна дар палатаи болоии порлумон ба забон овард.

Ӯ гуфт, "дар 9 моҳи имсол ба соҳибкорони хурду миёна 345 миллион сомонӣ қарзи боимтиёз дода шуд. Моҳи октябр зимни додани қарз бо пули миллӣ фоидаи бонкӣ то 3 дар сад кам карда шуд. Мо кӯшиш ба он дорем, ки минбаъд хароҷоти дувумдараҷаро камтар намоем."

Навор аз моҳи январи соли гузашта:

“Иқтисоди мо ба ҷуз аз пули муҳоҷирон чизи дигар надорад?”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:51 0:00

Таъсири камшавии пули муҳоҷиронро эътироф кардан намехостанд

​Агар то соли 2014 муҳоҷирони тоҷик аз Русия беш аз 4 миллиард доллар пул мефиристоданд, ин рақам дар соли 2017 ба дуним миллиард доллар коҳиш ёфт ва натанҳо ба буҷети хонаводаҳо, балки буҷети кишвару кори бонкҳо ҳам зарба зад.

Ин рақам дар солҳои 2015 ва 2016 ҳатто ба таври рекордӣ то марзи як миллиону дусад ҳазор ва як миллиону нуҳсад ҳазор поин омада буд. Аммо ҳадди ақал як соли пеш мақомоти Тоҷикистон таъсири камшавии пули интиқолии муҳоҷиронро ба иқтисоди кишвар эътироф кардан намехостанд.

Раиси Бонки Миллӣ бори аввал кам шудани пули муҳоҷирон ва, ҳамин тавр, таъсири онро ба ҳаёти кишвар эътироф кард.

Худи ӯ дар гузашта расман аз хабарнигорон хоста буд, аз муҳоҷирон бут насозанд, чун он қадар пуле намефиристанд, ки кишвар аз онҳо вобаста бошад.

“Иқтисоди мо ба ҷуз аз пули муҳоҷирон чизи дигар надорад?”

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар нишасти матбуотии 23-юми январи соли 2017 аз хабарнигорон хост, зиёд болои пули муҳоҷирони тоҷик ва таъсири он ба иқтисоди кишвар таъкид накунанд.

“Иқтисоди мо ба ҷуз аз пули муҳоҷирон чизи дигар надорад?” – суол гузошт ӯ дар ин нишасти матбуотӣ ва афзуд, “як хоҳиш дорам. Ҳамаамон мардуми ҳаминҷоем. Дигар “аксент”-ро болои муҳоҷирон надиҳед. 60-70 дар сади пули муҳоҷирон музди меҳнаташон мешавад. Дигараш аз ҳисоби бизнес аст. Аз Шумо хоҳиш дорам, ки дигар дар ин бора “аксент” накунед”.

Бонки марказии Русия чанде пеш эълон кард, ки дар се моҳи аввали имсол муҳоҷирон аз он кишвар ба Тоҷикистон тақрибан ним миллиард доллар пул фиристодаанд. Ин ҳисоб дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта андаке бештар, вале дар муқоиса ба омори соли 2013 хеле поинтар аст.

Бино ба иттилои расмӣ то як ва бар асоси манобеи ғайрирасмӣ тақрибан ду миллион аҳолии Тоҷикистон барои кору иқомат дар Русия қарор доранд. Бархе аз коршиносон кам шудани пули интиқолии муҳоҷиронро ба чанд омил рабт медиҳанд.

"Оилаам ба Русия омад, ба кӣ пул фиристам?"

Худи муҳоҷирон ҳам мегӯянд, аз як тараф пардохти пули патенту гаронии иҷора ва аз тарафи дигар ҳаққи сабтиному убури сарҳад як бахши асосии буҷети онҳоро буридааст. Амон, як муҳоҷири кории тоҷик дар Русия, гуфт, се сол пеш аҳли хонаводааш дар Тоҷикистон буданд ва ӯ дар муҳоҷират. Ҳоло ҳамаашон ба Русия рафтаанд ва бояд барои кӣ пул бифристанд?

“Мисли мо чанд хонавода аз кишвар ба инҷо кӯчидаанд. Ба Тоҷикистон ё пули кам мефиристанд ё аслан намефиристанд. Баръакс, дар инҷо пул кор карда, бо қарзи бонкӣ хона бигирӣ, ҳам ҷои истиқомат мешавад, ҳам пул беҳуда сарф намегардад ва ҳам сабтином осон мешавад. Бар илова дар инҷо барои таваллуди кӯдак пул медиҳанд, ки як бахши харҷи хонаро мепӯшонад”, - гуфт ӯ рӯзи 4-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Бархе дигар аз муҳоҷирон, ки мавсимӣ ба Русия мераванд, гуфтанд, ки кор дар онҷо ҳанӯз ба маҷрои панҷ соли пеш барнагаштааст ва дар сохтмон пули зиёд ба даст овардан чандон осон нест.

XS
SM
MD
LG