Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Жириновский: "Дар шиносномаи тоҷикон навишта шавад, ки дӯсти Русия ҳастанд" ВИДЕО


Владимир Жириновский
Владимир Жириновский

Владимир Жириновский, раҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия гуфт, дар шиносномаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд бо забони русӣ навишта шавад, ки "аз кишвари дӯсти наздиктарини Русия ҳастанд".

Таъсиси чунин сохторе ногузир аст. Вале шомилшавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин воҳид ихтиёрӣ мешавад.

Ҳимояти сиёсатмадори ҷанҷолии рус аз муҳоҷирон

Ин сиёсатмадори миллатгарои рус, ки қаблан бо баёнияҳояш бар зидди муҳоҷирони тоҷик хашми мақомоти Тоҷикистонро барангехтааст, дар Душанбе ба ҳимоят аз онҳо садо баланд кард.

Ӯ рӯзи 1-уми ноябр дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, "ҳоло талош дорем қонун дар бораи мақоми махсуси шаҳрвандони Тоҷикистонро зимни ҳузурашон дар Русия тасвиб кунем. Дар ин сурат онҳо метавонанд ҳангоми сафар ба Русия мисли шаҳрвандони Беларус ҳуқуқ дошта бошанд. Мо метавонем дар дохили шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон замима (вкладыш) бо забони русиро насб созем. Дар ин сурат маъмури пулис зимни кушодани саҳифаи русии шиносномаи тоҷикӣ мебинад, ки мушаххасот ба забони русӣ навишта шудааст."

  • Дар ҳоли ҳозир шиносномаҳои хориҷӣ ё биометрии шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо бо забони тоҷикӣ ва англисӣ таҳия шудааст

"Бигзор пули худро бигиранд"

Раҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия бовар дорад, бо чунин санад минбаъд ҳеҷ шаҳрванди Тоҷикистон ва бахусус муҳоҷирони корӣ бо маъмурони пулиси Русия мушкил нахоҳанд дошт.​

"Бигзор онҳо маблағи кор кардаи худро бигиранд. Мушкил дар ин замина замоне пайдо мешавад, ки ҳаққи онҳоро камтар медиҳанд. Муҳоҷирони кории тоҷикро намегузоранд зиндагии осуда дошта бошанду 40 ё 50 ҳазор рубли русӣ кор кунанд", - гуфт Жириновский.​

"Муҳоҷирон ҷиноят накардаанд"

Ин сиёсатмадори рус гуфт, онҳо мухолифи мафҳуми "афви муҳоҷирон" ҳастанд ва онро комилан аз байн хоҳанд бурд. Ӯ гуфт, онҳо ҷонибдори қонунӣ кардани ҳузури муҳоҷирони кории тоҷик мебошанд:

  • "Мо ҷонибдори он ҳастем, ки ҳамаи қарорҳои маҳдудкунанда нисбат ба муҳоҷирони кории тоҷик бекор карда шаванд. Онҳо ҷиноят содир накардаанд, танҳо қоидавайронкунӣ аст. Бигзор садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои қоидавайронкунӣ аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шудаанд, ба кишвари мо озодона баргарданд"
Владимир Жириновский бо намояндагони порлумони Тоҷикистон. 1-уми ноябри 2018
Владимир Жириновский бо намояндагони порлумони Тоҷикистон. 1-уми ноябри 2018

Владимир Жириновский, инчунин, хабар дод, ки ҳизбаш тасмим гирифтааст дар Душанбе барои омода кардани муҳоҷирони корӣ як мактаби миёнаи махсус бунёд созад. "Дар ин мактаб ҷавонони тоҷик ҳам забони русӣ меомӯзанд ва ҳам ихтисос ва сипас метавонанд дар ҳар кишваре, ки мақбулашон бошад, кор кунанд”, - гуфт Жириновский.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Жириновский "роҳи наҷот"-и муҳоҷиронро аз пулиси Русия пешниҳод кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:31 0:00

Ӯ дар посух ба ин суоли Радиои Озодӣ, ки ҳанӯз дар фикри таъсиси "ҳавзаи федеролӣ"-и Осиёи Миёна бо пойтахташ дар шаҳри Алмаато ҳаст ё не, гуфт, "таъсиси чунин сохторе ногузир аст. Вале шомилшавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин воҳид ихтиёрӣ мешавад. Мо мутмаинем, ки дар канори Чин ва Иттиҳоди Аврупо Русия бояд сохторе таъсис бидиҳад, ки тавонад бо онҳо рақобат дошта бошад".

Нармӣ аз барои чист?

Ваъдаҳои болохонадори Владимир Жириновский пас аз он садо медиҳад, ки дар рузи нахустини сафараш ба Тоҷикистон ӯро бо шукуҳу шаҳомат истиқбол гирифтанд. Ӯ дар гузашта баръакси баёнияҳои имрӯзааш гуфтааст, ки муҳоҷиронро набояд ба Русия роҳ бидиҳанд, чун онҳо фақат ҷинояту бадбахтӣ меоранд.

Раиси ҳизби либерал-демократи Русия борҳо хостори ҷорӣ кардани виза бо Тоҷикистон шуда, ҳамчунин таъкид кардааст, ки кишварҳои хурди пасошуравӣ бояд дубора ба ҳайати Русия баргардонида шаванд.

XS
SM
MD
LG