Пайвандҳои дастрасӣ

Соҳибони ҷасадҳои "бесоҳиб"-и муҳоҷирони тоҷикро меҷӯянд


Тобути яке аз муҳоҷирони тоҷик
  • “Агар касе ҳамин муҳоҷири тоҷикро мешиносад, занг занад, вагарна ҷасадашро месӯзонанд”.

Вақтҳои охир чунин муроҷиати муҳоҷирони тоҷик дар Русия барои шиносоии ҷасад дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд шудааст. Муҳоҷирони хайрхоҳ акси ҳамватани фавтидаашонро бо манаҳи баста мегузоранд ва аз корбарони Фейсбук ё Одноклассники мехоҳанд, дар пайдо кардани наздикони фавтида кумак кунанд.

Мурда агар як ҳафта истод, сардхона 15 ҳазор рубли русӣ мегирад. Пули сардхона дар инҷо аз пули меҳмонхонаи панҷситораӣ зиёд аст

​Шумораи умумии ҷасади муҳоҷирони тоҷик, ки феълан дар сардхонаҳои Русия нигоҳдорӣ мешаванд, ҳисоб нашудааст. Вале соли 2014 Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия рӯйхати 500 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда буд, ки танҳо дар мурдахонаҳои вилояти Маскав нигаҳдорӣ мешаванд.

"Ҳолате мешавад, ки касе майитро намегирад"

Муҳаммад Собиров аз ҳомиёни ҳуқуқест, ки дар пайдо кардани наздикони ҷасад ва муҳоҷири бемору бекас дар қаламрави вилояти Маскав мусоидат мекунад. Ӯ рӯзи 20-уми нобяр гуфт, мавридҳои бесоҳиб мондани ҷасади муҳоҷирон дар сардхонаҳои Русия кам нест.

“Ингуна ҳолатҳо бисёр мешавад. Ҳолатҳои зиёде мешавад, ки касе майитро намегирад”, – нақл кард Муҳаммад Собиров дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ӯ сарнавишти се муҳоҷирро ба ёд овард, ки чанде пеш дар садамае ба ҳалокат расиданд. Ҷасади ду нафари онҳоро шиносоӣ карда, ба Тоҷикистон фиристоданд. Яке аз онҳо, ба гуфтаи Муҳаммад Собиров, ба сабаби маълум набудани нишонӣ ва хешовандонаш ҳанӯз дар сардхона нигаҳ дошта мешавад.

Худаш аз Тоҷикистон, наздиконаш аз Узбекистон

“Ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат кардем. Тафтиш карданд. Дар воқеъ, дар қайди Тоҷикистон будааст, вале хешу табораш – не. Баъдан мо рақами худро мондем, як бародар занг зад ва гуфт, ки ин бачаро мешиносад. Ӯ аз Тоҷикистон бо шиносномаи тоҷикӣ омада буд, вале хешу табораш на дар Тоҷикистон, балки дар Узбекистон ҳастанд”, – афзуд Муҳаммад Собиров.

“Агар ҷасади ин муҳоҷирро аз сардхона ба зудӣ нагиранд, воқен ӯро ба дигар ҷой, ба мурдахона мебаранд”, - мегӯянд мақомоти беҳдоштии Русия.

Яке аз кормандони сардхонае дар вилояти Маскав рӯзи сешанбе гуфт, “агар касе ба суроғи ҷасад наомад, ӯро аз сардхона ба мурдахона мебаранд. То як сол нигаҳ медоранд ва сипас ҷасадро месӯзонанд. Хокистарашро ҳам барои муддате нигаҳ медоранд ва сипас гӯр мекунанд.”

"Як сол интизор мешавем"

Ба гуфтаи корманди “Ритуал”, яке аз бузургтарин муассисаҳои ташкили маросими дафн дар Маскав, айни муқаррарот бо тамоми ҷасадҳо риоят мешавад, муҳим нест, хориҷӣ аст ва ё шаҳрванди Русия.

“Агар касе дар муддати 30 рӯз барои гирифтани ҷасад муроҷиат накунад, ӯро барои як соли дигар нигаҳ медоранд ва сипас мебаранд ва ҳамчун фарди бесоҳиб дафн мекунанд. Агар шаҳрванди хориҷӣ ҳам бошад”, – гуфтанд дар ин муссиса ба Радиои Озодӣ.

Барои дафни афроди бесоҳиб, ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, дар гӯристонҳои Русия бахши махсусе ҷудо шудааст. Дар вилояти Твер ҷомеаи бузурги тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Дар оромгоҳи онҷо муҳоҷирони тоҷике дафн шудаанд, ки ҳеҷ кас ба суроғи ҷасадашон наомадааст, ё касе аз наздиконашонро пайдо накардаанд, то ҷасадро супоранд.

"Соҳибони чаҳор ҷасад ёфт нашуд, худамон гӯрондем"

Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқ ва раиси Маркази мусоидат ба ҳимояти ҳуқуқи муҳоҷирон дар Маскав, ба Радиои Озодӣ гуфт, имсол онҳо ҷасади чанд муҳоҷири тоҷикро аз сӯзондан ва ё дафн кардан дар байни ҷасадҳои бесоҳиб эмин нигаҳ доштанд.

Иззат Амон
Иззат Амон

“Дар ёдам ҳаст, ки имсол мо соҳибони ҷасади чаҳор нафарро наёфтем ва дар оромгоҳи Твер дафн кардем. Аммо баъзе ҳаст, ки мо агар соҳибашро наёфтем, бар асоси суроғааш дар шиноснома ба Тоҷикистон мефиристем. Чанде пеш як муҳоҷир аз Файзободро ҳамингуна фиристодем. Раиси маҳалларо пайдо кардем. Баъзе аз онҳо соҳиб доранд, вале азбаски Интернет надоранд ё аз Интернет дуранду васоили иртибот бо хеши худро надоранд, аз марги ӯ бехабар мемонанд”, - гуфт ӯ.

Иззат Амон мегӯяд, маълум нест, ки чӣ қадар аз ҷасадҳои муҳоҷирони тоҷик дар сардхонаҳои Русия бесоҳиб мемонанд ва ҷасадашон дар танӯри тафсон сӯзонда мешавад.

"Дар гузашта як бачаро сӯзонда буданд"

Саид, яке аз зодагони Тоҷикистон, аз шаҳри Твер мегӯяд, дар минтақаи онҳо солҳои охир чунин ҳодиса нашудааст, зеро дар ҳар сардхона рақами телефон гузоштаанд, ки дар сурати овардани ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон ба онҳо хабар диҳанд. Аммо ӯ худаш дар гузашта шоҳиди чунин мавриде шудааст.

“Ман солҳост, ки дар вилояти Твер зиндагӣ мекунам. Солҳои охир нашудааст, ки ҷасади тоҷикон бесоҳиб монда бошад. Вале дар гузашта як бачаро сӯзонданд, вале мо ҷойи дафнашро пайдо кардем. Ӯро ҳамроҳ бо се-чаҳор нафари дигар сӯзонда буданд”, – гуфт Саид ба Радиои Озодӣ.

Ба қавли мусоҳибони Радиои Озодӣ, асосан ҷасади онҳое дар сардхонаҳо бесоҳиб мемонад, ки санаде надоранд. Барои пайдо кардани хешовандони фавтидагоне, ки ба сардхонаҳои Русия меоранд, ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ, сафорати Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷират кумак мекунад.

Муҳаммад Собиров мегӯяд, баъди муроҷиати созмонҳо ва ё ҳомиёни ҳуқуқ, масъулони сафорат ва ё хадамот дар бораи нафари фавтида иттилоъ ҷамъ оварда ва дар ихтиёри онҳо мегузоранд. Баъдан муҳоҷирони хайрхоҳ ба хешовандони муҳоҷир хабари маргро мерасонанд ва ҷасадро ба Тоҷикистон мефиристанд.

"Пули сардхона аз пули меҳмонхонаи панҷситораӣ зиёд аст"

Иззат Амон мегӯяд, азбаски мақомоти Русия манфиатдоранд, ҷасадҳо дуру дароз дар сардхона намонанд, онҳоро дар ихтиёри муҳоҷирони хайрхоҳ қарор медиҳанд, албатта, баъди гирифтани ҳаққи нигаҳдорӣ. Ба гуфтаи ӯ, гоҳе қимати нигаҳдорӣ ва ё бурдани ҷасад то ба ҷойи дафн беш аз 50 ҳазор рубли русӣ мешавад.

“Ҷасади муҳоҷирони худро мехарем. Моро як дафъа барои гирифтани ҷасад дар сардхонаи Измаилово латту кӯб карданд, пул камтар, ки буд, надоданд. Мурда агар як ҳафта истод, сардхона 15 ҳазор рубли русӣ мегирад. Пули сардхона дар инҷо аз пули меҳмонхонаи панҷситораӣ зиёд аст”, - мегӯяд Иззат Амон.

Мусоҳибони Радиои Озодӣ мегӯянд, ҳеҷ кас намедонад, чӣ қадар аз шаҳрвандони Тоҷикистон то кунун баъди пайдо нашудани касе аз наздиконашон дар танӯрҳои махсус сӯхта, хокистар шудаанд ва ё дар гӯшаҳои афроди бесоҳиб дар гӯристонҳои Русия хуфтаанд. Аммо маълум аст, садҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон солҳост, ки азизони нопадидшудаи худ дар Русияро меҷӯянд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG