Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дасти кӯтоҳи муҳоҷирони тоҷик барои табобат дар Русия


Беморӣ паҳлӯи бади муҳоҷирати корӣ дар Русия аст ва ба эҳтимоли зиёд бештари муҳоҷирон бо он рӯ ба рӯ мешаванд. Соатҳо кори зиёд дар шароити сахт ва сарфаи маблағ барои хӯроку дору, маъмулан дер ё зуд ба саломатии муҳоҷирон таъсир мегузорад.

  • Ба далели надоштани мақоми қонунӣ, бима (суғурта) ва ҳамчунин, гарон будани хадамоти тиббӣ, муҳоҷирони Тоҷикистон бештари вақт ба дунболи ёрии ҳамватанони пизишки худ мегарданд, ки ин ёриҳо одатан ба онҳо ба таври ғайрирасмӣ расонда мешаванд.
Муҳоҷирон аз бемории меъда, узвҳои болоии роҳҳои нафас, осеби системаи такягоҳиву ҳаракат ва бемориҳои системаи асаб ранҷ мекашанд.

Кумак ба василаҳои махфӣ

Абдуқаҳҳор Ҳазратқулов, зодаи шаҳри Турсунзода, ҳашт сол боз ҳамроҳи хонаводаш дар Русия кору зиндагӣ дорад. Имсол хонаводаи онҳо бо як мушкили ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуд. Пизишкон гуфтанд, ки ҳамсари Абдуқаҳҳор ба бемории онкологӣ мубтало аст.

Хонаводаи Ҳазратқулов бимаи лозими тиббӣ надоштанд ва муоинаи пулакӣ арзиши бисёр гарон дорад. "Табибе аз Самарқанд тамоми харҷи муоинаро ҳисоб кард ва гуфт, ки беш аз 100 ҳазор рубл (ҳудуди 1500 доллар) мешавад. Дар беморхонае дар минтақаи метрои Каширский ба мо гуфтанд, ки барои супоридани таҳлилҳо бояд 60 ҳазор рубл (900 доллар) бипардозем”, - нақл мекунад Абдуқаҳҳор Ҳазратқулов.

Ҷустуҷӯи ӯ барои пул бенатиҷа буд ва як ҳамдеҳааш маслиҳат дод, ки ба назди табиби саратоншиноси тоҷик дар яке аз беморхонаҳои хусусии Маскав биравад. Ба гуфтаи Ҳазратқулов, табибони тоҷик тавассути шиносҳои худ на танҳо ёрӣ карданд, ки таҳлилҳоро бо нархи ду бароробар пасттар бисупорад, балки кумак карданд барои ҳамсараш дар яке аз беморхонаҳои ноҳияи Каширский Маскав корти тиббӣ номнавис кунанд.

Ӯ гуфт, “ҳоло муоинаҳо давом дорад, вале дар маҷмуъ бо кумаки табибони худамон барои ин ҳама 16 ҳазор рубл, яъне ду баробар арзонтар пардохт кардем. Масалан, ҳамин рӯз як табиби рус моро комилан бепул пазируфт, зеро аз ӯ табиби ҳамшаҳриямон, Муборакшоев хоҳиш карда буд.”

Дар интернет беморхонаҳои зиёдеро пайдо кардан мумкин аст, ки ба беморон мутаносибан барои табобат дар Маскав хадамоти тиббии арзон пешниҳод мекунанд. Вале худи муҳоҷирон мегӯянд, ки ба ин гуна бемористонҳо чандон эътимод надоранд ва афзал медонанд, ки ба василаи шиносҳояшон табибонро пайдо кунанд.

Ризокорони дилсӯз

Муборакшо Муборакшоев
Муборакшо Муборакшоев

“Нотавонии муҳоҷирон, мардуме, ки бо амри тақдир ба Русия омадаанд ва ҳеч гуна пуштибоние, аз ҷумла ёрии тиббӣ надоранд, моро водор мекунад то фаъолияти ризокорӣ бинамоем”, - гуфт ҷарроҳи варзидаи бемористони “Семейный доктор”-и шаҳри Маскав Муборакшо Муборакшоев.

Ӯ 18 сол мешавад, ки дар Русия кор ва зиндагӣ мекунад ва тӯли ин ҳама солҳо барои барқарор кардани саломатии муҳоҷирон ройгон ёрӣ мерасонад. То имрӯз касоне мисли ӯ ба таври қобили мулоҳиза зиёд шудаанд. Ба гуфтаи табиб, соли 2008 дар назди Созмони ҷамъиятии минтақавии “Нур” дар Маскав “Анҷумани табибон аз Тоҷикистон” таъсис дода шуд, ки ҳар моҳ ба тақрибан 150 бемори гуногун кумак мерасонад.

Дар ин анҷуман беморонро табибони ҷарроҳ, момодоя, пизишки чашм, дармонпизишк, табиби гӯшу бинӣ, дилпизишк ва духтури кӯдакона мепазиранд. “Дар сурати вазъи изтирорӣ беморонро бистарӣ мекунанд ва ҳамчунин ба онҳое, ки ба Маскав барои табобат омадаанд, кумак мерасонанд. Ҳолатҳое мешавад, ки онҳо забонро намедонанд. Дар чунин вазъият мо аз дасти онҳо гирифта, ба пеши мутахассис мебарем ва амалан дар ҷараёни бистарӣ шудани онҳо ширкат мекунем”, - мегӯяд табиб.

Ӯ гуфт, муҳоҷирон асосан аз бемории узвҳои коси хурд, меъдаву рӯда ва узвҳои болоии роҳҳои нафас, ҳамчунин осеби системаи такягоҳиву ҳаракат ва бемориҳои системаи асаб ранҷ мекашанд.

Ниёзи муҳоҷирон ба хадамоти тиббии арзон ба иллати маоши пасти онҳо мебошад, ки дар натиҷа намехоҳанд маблағҳои иловагиро барои бимаи гарон бипардозанд. Бимаи ихтиёрии тиббӣ яке аз шарӣҳои ҳатмии ба даст овардани иҷозатномаи кор ва қонунӣ шуморидани фаъолияти меҳнатии муҳоҷир мебошад.

Арзиши солонаи бимаи ихтиёрӣ барои шахсони аз 18 то 75-сола 3600 рубл мебошад. Барои шаҳрвандони аз 75-сола боло аз 6000 рубл шуруъ мешавад ва вобаста ба синни онҳо фарқ мекунад. Барои кӯдакон чунин навъи бимаи солона 5000 рубл қиммат дорад.

Бо вуҷуди ин ҳама, бимаи тиббӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ танҳо расондани ёриҳои аввалияи тиббию санитарӣ ва ёриҳои вижаи тиббиро дар ҳолатҳои изтирорӣ таъмин мекунаду бас. Ин навъи бима табобати амбулоториро пешбинӣ намекунад.

Муоина бо “нархи муҳоҷирон”

Аз ин хотир барои табобати бемориҳои шадид муҳоҷирон аз табобати пулакие, ки нархҳояш барояшон мувофиқ аст, истифода мекунанд. Дар бозор пешниҳодҳо мушаххаси расонидани чунин хадамот мувофиқ ба даромади муҳоҷирон вуҷуд дорад. Яке аз чунин беморхонаҳое, ки ба муҳоҷирон хадамоти тиббиро ба нархҳои мувофиқ мерасонад, маркази тиббии чандириштаии “Маяк” мебошад, ки аз сӯйи шаҳрвандони Қирғизистон соли 2010 таъсис дода шудааст.

Дар ҳоли ҳозир имконоти ин марказ ба таври қобили мулоҳиза рушд кардаанд ва ин ҷо на танҳо муҳоҷирони қирғиз, балки дигар манотиқи ИДМ ҳам муроҷиат мекунанд.

Абдулло Хоҷаев
Абдулло Хоҷаев

Аз даҳҳо табиби ин маркази тиббӣ чаҳор нафари онҳо зодаи Тоҷикистон мебошанд. Абдулло Хоҷаев, табиби гӯшу бинӣ, соли чорум аст, ки корманди маркази тибии “Маяк” мебошад. Ӯ мегӯяд махсусияти маркази онҳо дар сатҳи баланди хидматрасонӣ ва нархи паст мебошад. Ба гуфтаи ӯ, агар камтарин қиммати муроҷиати аввалин дар беморхонаҳои муқаррарии Маскав 2300 рубл нарх дошта бошад, онҳо барои ин кор 1250 рубл мегиранд ва муроҷиатҳои такрорӣ ҳудуди 500 рубл қиммат доранд.

“Дар як моҳ пеши ман ҳудуди 100 одам меояд, вале ин аз фаслҳои сол ҳам бастагӣ дорад. Ҳоло муҳоҷирон асосан аз бемориҳои гӯш, гайморит ва гулӯ шикоят мекунанд. Тобистонҳо маъмулан аз дигар бемориҳо”, - нақл кард Хоҷаев.

Ӯ мегӯяд, бештари муҳоҷирон тасаввуроте надоранд, ки чӣ гуна бима доранд ва он кадом хароҷоти онҳоро мепӯшонад, барои ҳамин ба табибон барои табобати пулакӣ мароҷиат мекунанд. Ба ҷуз ин, таъйид мекунад табиб, ки дар ибтидо агар ба беморхонаи онҳо танҳо зодагони Қирғизистон муроҷиат мекарданд, акнун ҷойи аввалро шаҳрвандони Узбакистон, баъди онҳо Тоҷикистон ва баъдан шаҳрвандони Қирғизистон мегиранд.

Коршиноси Мактаби олии иқтисод Даниил Кашнитский, ки солҳои 2014-2016 ба таҳқиқи дастрасии муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ба хадамоти тиббӣ машғул будааст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, муҳоҷирон дар бештари ҳолатҳо барои ёрии тиббӣ муроҷиат намекунанд ва аз он фақат танҳо дар ҳолати бемориҳои шадид истифода мекунанд. “Онҳо ба худдармонӣ машғул мешванд ё тариқи скайп аз табибони шиносашон машварат мегиранд. Агар онҳо коргарони мавсимӣ бошанд, табобати бемориҳои музминро барои муддатҳои дароз ба таъвиқ меандозанд. Ин ҷо онҳо танҳо ҳангоми нишонаҳои бемориҳои шадид ба табибон муроҷиат мекунанд. Ҳангоми гирифтор шудан ба бемориҳои дандон, бемориҳои занона ва бемориҳои меъдаву рӯда, ки бар асари хӯрокҳои бенизом ва нодуруст рух медиҳанд”, - таъкид мекунад Кашнитский.

Коршинос ҳамчунин муроҷиат барои ёриҳои изтирориро, ки муҳоҷирон ҳангоми кор дар сохтмонҳо осеб мебинанд ва ташаннуҷи асаби занҳоро, ки бар асари корҳои якнавохту камхобиву ғизоҳои носолим пайдо мешаванд низ ба инҳо шомил мекунад.

Бояд гуфт, ки аз январи соли 2015 бар асоси қонунгузории Русия шаҳрвандони кишварҳои дигар, ки нияти кор дар қаламрави Русияро доранд бояд ба таври ҳатмӣ бояд бима дошта бошанд.

Бар асоси омори тадқиқоти Мактаби олии иқтисод, ҳадди камтарин ва миёнаи маоши муҳоҷирони тоҷик 25,1 ё 27,9 ҳазор рублро ташкил медиҳад. Агар аз ин маблағ ҳаққи моҳонаи иҷозатномаро, ки дар ҳудуди Маскав феълан 4500 рублро дар бар мегирад, пули иҷораи хона, ки камтаринаш 5000 рубл мебошад ва ёрии моҳона ба хонавода дар ҳудуди 10 ҳазор рублро кам кунем, пас ба ҳисоби миёна дар дасти як муҳоҷири муқаррарӣ 8500 рубл барои хароҷоти дигар боқӣ мемонад. Бо ин маблағ як муҳоҷири корӣ ба эҳтимоли зиёд умед ба табобати комили худ намебандад.

XS
SM
MD
LG