Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо муҳоҷир аз Осиёи Миёна дар фурудгоҳи Истанбул дармондаанд. ВИДЕО


Ҳудуди 300 муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Миёна ҳангоми тарки Туркия дар фурудгоҳи Отатурки шаҳри Истанбул дармондаанд, ки дар миёни онҳо наздик ба 20 шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳастанд. Инҳо муҳоҷироне будаанд, ки дар Туркия ғайриқонунӣ кору иқомат доштанд ва бояд қабл аз хуруҷ 72 лира, муодили беш аз даҳ доллараи амрикоӣ, ҷарима мепардохтанд.

Дигар пуле надорем, ки билет харем. Дар фурудгоҳ як об 2-3 доллар аст. Ҳамаи чиз гарон аст. Хулоса азоб дорем ва намедонем, чӣ кунем

Ҳасан Шарифов, як муҳоҷири тоҷик, рӯзи 22-юми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳангоми пардохти ҷарима барои будубоши ғайриқонунӣ дар назди пулиси фурудгоҳ навбат тӯлонӣ шуд ва онҳо аз парвоз дер карданд. "Наздик ба ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ аз кишварҳои мухталиф дар онҷо ҷарима месупурданд. Онҳое, ки аз қабл билети ҳавопайморо харида буданд, аз парвоз ба кишварҳояшон дер карданд, мо ҳам", - афзуд ӯ.

  • Шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳақ доранд, ки дар Туркия як моҳ бидуни виза ва сабтином иқомат кунанд.
Муҳоҷирони тоҷик дар фурудгоҳи Отатурк дармонданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:01 0:00

Ҳасан Шарифов мегӯяд, навбати муҳоҷирони ғайриқонунӣ барои пардохти ҷарима ба он хотир тӯлонӣ шуд, ки лира дар баробари доллар қурбашро аз даст дод ва бисёрии муҳоҷирон маҷбур шуданд, тарки кору Туркия кунанд. Азбаски, ба қавли ҳамсуҳбати мо, аксари ин муҳоҷирон ғайриқонунӣ кору иқомат доштанд, қабл аз хуруҷ бояд ҷарима месупурданд.

Саодат Хоҷаева, шаҳрванди 40-солаи Тоҷикистон мегӯяд, чаҳор моҳ пеш барои кор ба Туркия омад ва тибқи тариқи шартномаи шифоҳӣ ду куҳансолро нигоҳубин мекард. "Дар як моҳ 1400 лира медоданд, ки ба тақрибан 500 доллар баробар буд. Пул қурбашро гум кард ва дигар корро тарк кардам. Агар лира қурбашро гум намекард, ҳуҷҷатҳоямро дуруст мекардам ва кори қонунӣ мекардам. Ҳоло дар фурудгоҳ мондаем ва билетамон ҳам сӯхт", - гуфт ӯ.

Саодат мегӯяд, ба хотири табобати як фарзанди маъюбаш барои кор ба Туркия омада буд, вале афтодани қурби лира ҳама нақшаҳояшро нақше бар об кард.

Парвози навбатӣ аз Истанбул ба Душабне рӯзи ҷумъаи 24-уми август аст ва ин муҳоҷирон бояд то он рӯз дар фурудгоҳ истанд.

Сурайё Саидова, муҳоҷири 45-солаи дигар мегӯяд, ҳамроҳ бо хоҳарзодааш дар фурудгоҳ дармондааст. Ӯ мегӯяд, 2000 лира маош мегирифт, вале бо афтодани қурби лира тарки кор кард ва бояд ба ватан мерафт.

“Панҷ фарзанди мактабхон дорам. Ба хотири онҳо ба кор омада будам. Ҳозир дигар пул надорем, ки билет харем. Дар фурудгоҳ як об 2-3 доллар аст. Ҳамаи чиз гарон аст. Хулоса азоб дорем ва намедонем, чӣ кунем”, - афзуд ӯ.

Ин муҳоҷирон тариқи ҳавопаймои “Сомон Эйр” бояд ба Тоҷикистон бармегаштанд ва ба маблағи 400 доллари амрикоӣ билет харида буданд.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Туркия гуфтанд, ки масъаларо пайгирӣ доранд.

Туркия пас аз Русия ва Қазоқистон, кишварест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба он сафар мекунанд. Дар баробари садҳо муҳоҷири қонунӣ, бархе шаҳрвандон бидуни раводид ба ин кишвар сафар мекунанд ва он ҷо ғайриқонунӣ ба кор машғул мешаванд.

Шаҳрвандоне, ки ҳоло дар фурудгоҳ бо далели супурдани ҷарима барои кори ғайриқонунӣ дармондаанд, бештар дар ширкатҳои хусусӣ кор кардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, ки ҳудуди 7 ҳазор шаҳрванди кишвар дар Туркия кору зиндагӣ мекунанд. Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин кишвар ғайрирасмӣ кор мекунанд, маълум нест.

Шарҳҳоро бинед (9)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG