Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳоҷирони тоҷик дар Туркия: "Лира афтид, нони мо нимта шуд" ВИДЕО


Шаҳри Истанбули Туркия.

Афти ба шиддати лира - пули милли Туркия - ба ҷайби садҳо муҳоҷири тоҷик, ки дар он кишвар машғули кору зиндагӣ ҳастанд, зарба задааст.

Рӯзе то 100 лира ва гоҳе аз ин бештар музд мегирем. Пештар агар дар чаҳор рӯз сад доллар кор мекардем, акнун дар ҳафт рӯз ин маблағро ба даст меорем.

Муҳоҷирони кории тоҷик дар Туркия мегӯянд, моҳи марти имсол арзиши 1 доллари амрикоӣ ба 4 лира баробар буд, вале ҳоло арзиши доллар нисбат ба лира наздики як баробар бештар шудааст. Рӯзи 14-уми август 1 доллари амрикоӣ ба 6,42 лира баробар шуд, ки афти башиддати пули миллии Туркия дар баробари доллар унвон мешавад.

"Кори доимӣ ёфтан мушкил шудааст"

Шариф Шарифов, муҳоҷири 55-солаи тоҷик дар шаҳри Истанбул, рӯзи 14-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, "афти якбораи лира нони онҳоро ним кард". Ӯ то замони муҳоҷират ба Туркия, устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон буд ва ҳоло дар сохтмон кор мекунад.

"Рӯзе то 100 лира ва гоҳе аз ин бештар музд мегирем. Пештар агар дар чаҳор рӯз сад доллар кор мекардем, акнун дар ҳафт рӯз ин маблағро ба даст меорем. Кори доимӣ ҳам ёфтан мушкил аст. Маводи ғизоӣ низ нархаш боло рафтааст",- нақл кард ӯ.

Шариф Шарифов гуфт, ҳоло интиқоли пул ба Тоҷикистон, ба пайвандонашро низ коҳиш додааст, зеро маоше, ки дар ҳафта мегирад, барои харидории доллар кофӣ нест. Ӯ гуфт, "фарзандонро хонадор кардан зарур аст. Барои ин пул лозим аст. Агар вазъият ин хел давом кунад, ба Тоҷикистон бармегардам, чун пул ҷамъ карда намешавад."

"Мошини харидаамро мефурӯшам"

Муҳоҷирони тоҷик дар Туркия бештар дар сохтмон ва дар марказҳои тиҷоратӣ ба ҳайси ёвари фурӯшанда кор мекунанд. Бештари онҳо нафароне ҳастанд, ки аз Русия ихроҷ шудаанд.

Муҳаммад Абдуллоев, сокини 26-солаи шаҳри Душанбе, ки дар як анбори маркази тиҷоратӣ дар Истанбул кор мекунад, рӯзи 14-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, наздики 3 ҳазор лира маош мегирад. Ин пул дар аввали сол ба 700 доллари амрикоӣ баробар буд, ҳоло ба каме бештар аз 400 доллар иваз мешавад.

"Соли гузашта 4 ҳазор доллар қарз гирифта, мошин харида будам. Ба ин маош дар нақша буд, ки дар як сол қарзро мепардозам. Ҳоло маҷбур ҳастам, ки рафта мошинро фурӯшам. Агар дар инҷо маошро ба доллар гардонем, ба хӯрок намерасад", - гуфт ӯ.

Таниши миёни Амрикову Туркия аз куҷост?

Аввали моҳи августи имсол Амрико дар заминаи қазияи роҳиби боздоштшудаи амрикоӣ Эндрю Брансон, ки Анкара ӯро ба тарҳрезии терроризм ва ҷосусӣ муттаҳам мекунад, алайҳи вазири корҳои дохилӣ ва адлияи Туркия таҳрим ҷорӣ кард. Анкара иқдоми Вашингтонро бе ҷавоб нагузошт.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон
Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Ба дунболи ин, президенти Амрико Доналд Трамп таъруфаҳои воридотиро барои фӯлод ва алюминиюми Туркия афзоиш дод. Дар пасманзари ин таҳаввулот қурби пули миллии Туркия - лира дар баробари доллари амрикоӣ шадидан поин рафт. Мақомот ба таҳқиқи садҳо саҳифа дар шабакаҳои иҷтимоӣ оғоз карданд. Онҳо соҳибони ин саҳифаро ба нашри хабарҳои фитнаангез гумонбар медонанд, ки қурби долларро боло бурдааст.

Президент Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфт, ки афти рекордии лира як барномаи тарҳрезишуда алайҳи сиёсати мустақилонаи Анкара аст. Аз оғози сол пули миллии Туркия 45 дарсади арзиши худро аз даст дод.

Гузориши видеоӣ: ​Беқурбшавии лира сайёҳонро ба дӯконҳои Туркия бурд

Беқурбшавии лира сайёҳонро ба дуконҳои Туркия раҳсипор кард
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:10 0:00

"Ҷанги тиҷоратӣ": Долларҳоро ба лира иваз кунед

Бонки миллии ин кишвар гуфт, барои эътидоли молӣ "аз чораҳои зарурӣ" кор мегирад. Дар як изҳорот, ки рӯзи 13-уми август пахш шуд, ин ниҳод қавл дод, ки бонкҳоро бо нақдина таъмин мекунад. Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз бойкоти таҷҳизоти электронии сохти Амрико хабар дод. Эрдуғон гуфт, Анкара ба ин тартиб, ба "ҷанги тиҷоратӣ"-и Вашингтон посух медиҳад. Эрдуғон, ки изҳороташро рӯзи 14-уми август дар Анкара пахш мекард, гуфт, ки ҳамлаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико на танҳо Туркия, балки кишварҳои дигар, аз ҷумла Русия, Чин ва Канада низ зарар мебинанд.

Дар баробари ин, президенти Туркия ба зарурати рушди истеҳсоли худӣ таъкид кард ва аз шаҳрвандони кишвараш хост, ки долларҳои худро ба лира иваз кунанд.

Шумораи муҳоҷирони тоҷик дар Туркияро наздики ҳафт ҳазор медонанд. Туркия дар баробари Русия ва Қазоқистон яке аз кишварҳоест, бо Тоҷикистон низоми раводид надорад ва шаҳрвандони кишвар дар онҷо ба осонӣ метавонанд кор пайдо мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG