Дар пайи як амалёти мақомоти интизомии Туркия, рӯзи 29-уми июл наздики 140 муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дастгир шудаанд, ки дар миёни онҳо ҳашт тан шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд. Зоҳиран, пас аз таркиши 29-уми июн дар фурудгоҳи Истанбул, ки мақомоти ин кишвар гумонбаронро зодагони кишварҳои Осиёи Миёна медонанд, назорат аз болои муҳоҷирон ҷиддитар шудааст.
Раҳматулло Сафаров, сокини 31-солаи шаҳри Душанбе яке аз ин муҳоҷирон аст, ки ҳоло дар “Яванги шӯъба” ё худ тавақуфгоҳи вижаи Истанбул нигаҳдорӣ мешавад. Ин ҷавон дар як сӯҳбат тариқи барномаи иртиботии “Вайбер” рӯзи 14-уми август ба Озодӣ гуфт, ӯ аслан, аз Туркия ба миқдори кам барои тиҷорат ба Тоҷикистон либосворӣ мефиристод.
Тибқи муқаррарот шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни раводид як моҳ ҳащқи иқомат дар Туркияро доранд. Сафаров мегӯяд, дар муддати як моҳ ӯ ҳар ҳафта тариқи ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон либосворӣ, ки вазнаш ҳам чандон зиёд набуд, мефиристод ва охири моҳ як бор ба хотири убури сарҳад худаш ҳамроҳ бо молҳои тиҷоратиаш ба Тоҷикистон мерафт.
Зоҳиран, пас аз таркиши 29-уми июн дар фурудгоҳи Истанбул, ки мақомоти ин кишвар гумонбаронро зодагони кишварҳои Осиёи Миёна медонанд, назорат аз болои муҳоҷирон ҷиддитар шудааст.
Сафаров мегӯяд, ин навбат аз иқоматаш дар Туркия як моҳ сипарӣ нашудааст ва ҳоло худаш намедонад, ки чаро ӯро бояд ихроҷ кунанд: "Гуфтанд, ки қонунҳои зиндагӣ дар Туркияро вайрон кардаӣ, аммо нагуфтанд, ки кадом қонунҳоро. То охири ҳафтаи дигар бояд ихроҷ кунанд."
Ин муҳоҷири тоҷик мегӯяд, ду ҳафтаи пеш ҳамроҳ бо ӯ инчунин ду хонаводаи тоҷикро низ дастгир карда буданд, ки ҳамроҳ бо аъзоёни оила 7 нафарро ташкил медоданд. Аммо Раҳматулло Сафаров мегӯяд, ин ду хонаводаро дуртар аз ӯ нигаҳдорӣ мекунанд ва се рӯз боз ҳеҷ иттилое дар бораи онҳо надорад. Зоҳиран, ба гуфтаи ӯ, ин хонаводаҳо низ барои нақзи қонунҳои буду бош дар Туркия муттаҳам мешаванд.
Алиҷон Ҳакимов, як ҷавони тоҷик, ки се сол боз дар Туркия дар сохтмон кор мекунад, мегӯяд, пас аз шадидтар шудани қонунҳои муҳоҷират дар Русия, ки дар пайи он садҳо муҳоҷири тоҷик ихроҷ шуд, теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба ин кишвар омаданд. Ин муҳоҷири тоҷик мегӯяд, ҳарчанд, даромади як муҳоҷир дар Туркия ба мисли Русия нест, аммо ба ҳар ҳол аз бекорӣ дар Тоҷикистон хубтар аст.
Аммо ин муҳоҷири тоҷики муқими Истанбул мегӯяд, аксаран тоҷикон бо се ҳадаф ба Туркия меоянд: «Бархе барои ҷанг ба Сурия ин ҷо меоянд, то сарҳадро убур кунанд. Дигарҳо муҳоҷироне ҳастанд, ки Русия рафта наметавонанд ва барои кор ба ин ҷо меоянд. Сеюм гурӯҳ, ки ҳоло ба мушоҳидаҳои ман теъдодашон зиёд мешавад, гурӯҳе ҳаст, ки ба хотири ба кишварҳои аврупоӣ рафтан ба Туркия меоянд. Ҳатто шоҳид будам, ки бархе ба гурӯҳҳои хос 800 доллар пардохт мекунанд, то онҳоро ба Юнон бирасонанд. Аз ин тариқ онҳо ба кишварҳои аврупоӣ рафтан мехоҳанд.»
Аммо як ҷавони фаъоли тоҷики муқими Туркия, ки нахост номашро зикр кунем, ба Озодӣ гуфт, рӯзи 10-уми август дар як ҷаласа бо иштироки мақомоти Туркия ва созмонҳои ҷамъиятӣ масъалаи муҳоҷирон дар ин кишвар баррасӣ шуд.
Ӯ гуфт, бардошташ аз мӯҳтавои ин нишаст он буд, ки мақомоти Турия тасмим гирифтаанд, то ҳар нафаре, ки кору зиндагиаш дар ин кишвар машкук ба назар мерасад, ихроҷ карда шавад. Бад-ин васила, ҳамчунин Туркия мехоҳад, ба хотири таъмини шаҳрвандони худаш ба ҷои кор, теъдоди муҳоҷирони кориро низ коҳиш диҳад.
Шумораи муҳоҷирони тоҷик дар Туркия дақиқ маълум нест. То се соли пеш тоҷикон ба Туркия танҳо барои тиҷорат мерафтанд, аммо дар пайи бӯҳрон дар Русия бархе муҳоҷирон барои кор ба ин кишвар рафтанд.
Туркияро дар Тоҷикистон ҳоло бештар ҳамчун як масири сафари ҷавонони тоҷик ба Ироқу Сурия мешиносанд. То ҳол наздик ба сад шаҳрванди Тоҷикистон бо қасди сафар ба Сурия дар Туркия боздошт ва ба ватан фиристода шудааст. Мақомоти тоҷик низ борҳо эълон карданд, ки беш аз ҳазор шаҳрванди ин кишвар аксаран тариқи Туркия ба хоки Ироқу Сурия рафтаанд.
Бори аавал аст, ки Туркия бидуни дархости Тоҷикистон муҳоҷирони меҳнатии ин кишварро мехоҳад, аз хокаш берун кунад.
Устод Убайдуллои Рачаб бо хизматхои шоиста дорад барои рушди фарханги ин миллат. Таъсиси театри "Ойина"-ро дар ёд дорам. Устод худ хунарманди касби хастанд ва тамоми хунармандоне, ки дар атрофашон буданд ва хастанд, хама касбиянд. Аз хамон замони таъсисаш ваъдаи сохтмони бинои театрашро дода буданд ва то хол амали нашудааст. Гуфтанихои зиёде хаст, аммо на чои муносиби гуфтан аст на замон. Факат мехостам бидонам бо кучояшон фикр кардаанд, ки як чунин театро бо чунин хунармандон бибанданд, фарлияташонро катъ кунанд ва ба чояш раккосахоро биёранд??? Ин мамлакат дар даврони истиклолияташ факат раккосаву хофиз истехсол кардааст. Хукумат аз боло то поин, хама ракосаву хофизанд. Бас будагист. Кадом театр фаолияти зиёду пурсамар дорад, ки аз "Ойина" шикоят мекунед? Ё сафархои хунарии хамсоя кишвар Узбекистонро ба ёд биёрем ва ифтихор кунем!!! Як хофизаи узбек барномаи консерти мегузорад, то имом хатмбхои масчидро чиптафуруш мекунед. Чаро дар давоми 30 соли фаолияти ин театр бо рохбарии чунин хунарманд мисли Убайдуллои Рачаб, як бор Дасти хамкори дароз накардед ё дар мушкилот кумак накардед????
Воқеан дар замони ҳозира бисёр аз ҷавонон ба интернет диққати зиёд медиҳанд. Аз тамошои театр дур шудаанд вале инро бояд донанд, ки театр оинаи зиндаги аст...
Нуралӣ Шоев, сардори раёсати фарҳанги ҳукумати Душанбе, ба Радиои Озодӣ гуфт, муҳтавои намоишномаҳои театри "Ойина" "ҷавобгӯи замон нест". Ҳамин мугамбою богомолу кучкару ким чихели дигар ба талаботи замона ҷавобгу аст??? Не ин ҷо дигар гап. Касе ки гулуи шуморо равған карда мегардад, ана он ба гуфтаи шумо ҷавобгуи замона аст.
Рахмат ба коркунони сомони РО бе ягон таърифу тасриф ягона сомонаеки ба дарди мардуми ЧТ мерасад мутарам бо номи Шхванд чи мухочирон магар Точик нестанд ки моро аз худатон чудо меандозед. Барои чи мошинхои ЧТ ба Рассия мераванд онхоро страхавой осага ба маблаги 3000 руб то мудати 3 ё 5 мох ичозат медиханд . Амо ЧТ барои 3 то 5 мох зёда 15000 руб боят пардохт намоянд гузашта азин хар 15 руз бад бояд сархад рафтан даркор дар инчо гумрук тамоман айбдор нест вазорати наклиети ЧТ дар хамаи гузаргохи сархад стоянка сохтаст ва сохибони мошинхоро мчбур месосанд ки мошинхоро дар анхамин стоянкахо нигох доранд нахи мошинхо сабукрав шабонаруз 10 сомони мощинхои боркаш зиёда аз 15 сомониро ташкил медихад
Мухтарам Мухочир чиро бинем худатки мухочири дар Руссия чихел буд ё набуд дар даври саюз Точикон мухочир набуданд.